Дар замири ислоҳоте, ки ба худшиносии миллӣ, арзишҳои маънавӣ, инчунин, ба маънои воқеӣ эҳтиром ба сарнавишти инсонро инъикос мекунад, мафҳуми истиқлолият таҷассум ёфтааст.
Моҳияти шиори “Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!” низ бо дар худ фаро гирифтани ин мақсадҳо фарқ мекунад. Имрӯз рӯзҳое фаро расидаанд, ки марду зан барои Ватан, пиру ҷавон барои миллат, аз роҳбар то ба корманд барои халқ бо садоқат хидмат мекунанд.
Мақсадҳои сабзу хуррам намудани ҳар як ваҷаби ҳар як гӯша, муносибати пурмеҳр ба замини муборак, дар қатраҳо ғунҷондани боғҳо дар дилу дидаҳо ҷойгир мешаванд. Маҳз тавассути ин мо шоҳиди он мешавем, ки Истиқлол бо якдилии мардум ранги боз ҳам зеботар мегирад.
Президент Шавкат Мирзиёев тамоми халқи кишвар, ҳамватанони бурунмарзиро бо санаи пуршараф – 34-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик кард.
– Имрӯз, дар чунин рӯзҳои муборак, ҳамаи мо як ҳақиқати ҳаётиро амиқ эҳсос мекунем. Ба туфайли ислоҳоти бузурге, ки мо дар асоси ғояи “Ӯзбекистони Нав” оғоз кардем, ҳар як ҳамватани мо ҳуқуқ ва озодиҳоеро, ки истиқлолият додааст, дар ҳаёти худ амиқ эҳсос намуда, аз ин ин имкониятҳо васеъ истифода мебаранд. Маҳз дар асоси ҳамин ғояи накӯ мо таъриху фарҳанги ғании сеҳазорсолаи худро дубора дарк намудем. Анъанаҳои Эҳёи якум ва дувуми сарзамини худро инкишоф дода, ҷониби Эҳёи сеюм қадамҳои устувор мегузорем. Бовар дорам, ки дар ин роҳ давлати Ӯзбекистони Нав ва ҷомеаи Ӯзбекистони Нав ҳамчун пули мустаҳкам, ки таърихи бузурги моро бо давраи наву боз ҳам бузурги эҳё ба ҳам мепайвандад, хидмат мекунад, – гуфт Сарвари давлат.
Истиқлол, пеш аз ҳама, бо иқтисодиёти пурзӯр мустаҳкам аст. Ба ин маъно, дар суханронии Президент як қатор натиҷаҳои муҳим зикр гардиданд.
Сарфи назар аз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, иқтисодиёти мамлакати мо бо суръати зиёда аз 6 фоиз устувор рушд мекунад. Дар ҳашт соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2 баробар афзуда, соли гузашта ба 115 миллиард доллар, ҳаҷми содирот ба 26 миллиард доллар расидааст. То анҷоми сол ба 130 миллиард доллар расидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар назар аст.
Бори аввал захираҳои тилло ва асъори давлатамон аз 48 миллиард доллар афзудааст. Дар ҳашт соли охир ба кишвари мо қариб 130 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст.
Дар пеши назари халқамон ҳазорон корхонаҳои муосир ва иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ қад рост мекунанд. Соли равон бар ивази ҷамъ 35 миллиард доллар сармоя қариб 9 ҳазор корхона ва маҷмааҳои хизматрасонии нав бунёд мегарданд.
Дар муддати сипаришуда танҳо шумораи соҳибкорони хурду миёна 2 баробар афзудааст. Имрӯз дар ин шабака беш аз 10 миллион аҳолӣ меҳнат карда, даромад ба даст меоранд.
Аз оғози сол 5 миллион аҳолӣ бо кор таъмин гардиданд. Танҳо дар ҳамин сол 700 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки дар хориҷ кор мекарданд, бар ватан – ба канори оилаи худ баргаштанд.
Дар натиҷаи ба ҷаҳон васеъ боз шудани Ӯзбекистон, соли гузашта шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 10 миллион нафар, содироти хизматҳои сайёҳӣ бошад, аз 3 миллиард доллар афзуд.
Бо рушди иқтисодиёт ва баробари афзудани шумораи аҳолӣ, талаб ба захираҳои барқи бехатар ва устувор меафзояд. Аз ин рӯ, барои зиёд кардани ҳиссаи энергияи «сабз» қадамҳои бесобиқа гузошта шуд.
Дар натиҷа, иқтидори тавлиди нерӯи барқ аз 59 миллиард киловатт-соати соли 2016 ба 85 миллиард киловатт-соат расид ва соли оянда ин аз 97 миллиард киловатт-соат бештарро ташкил хоҳад кард.
Танҳо дар ҳамин сол 6,5 миллиард киловатт-соат энергияи « сабз» истеҳсол карда шуд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ ҳиссаи энергияи « сабз» ба 30 фоиз расид. То соли 2030 аз ҳисоби 35 миллиард доллар сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба 54 фоиз бардоштани ҳиссаи энергияи «сабз» ба нақша гирифта шудааст.
Соҳаҳои иҷтимоӣ низ рушд карда, шароити зисти аҳолӣ беҳтар мегардад. Дар ҳашт соли охир дар кишварамон қариб 12 ҳазор бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бунёд гардид. Соли ҷорӣ дар “Ӯзбекистони Нав” ва дигар мавзеъҳо боз манзилҳои замонавии дорои 130 ҳазор хонадон сохта шуда, ба аҳолӣ супурда мешаванд.
Сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ба инсонҳои эҳтиёҷманд мадад мегардад.
Тибқи “Барномаи ҳамроҳӣ” бо таълим, касбу ҳунар, варзиш фаро гирифтани 11 ҳазор кӯдакон, ки аз меҳри падару модар маҳрум шудаанд, натиҷаи муҳим шуд. Ба беш аз 2,5 миллион нафар аъзои оилаҳои эҳтиёҷманд расонидани 110 намуди кӯмак ва хидматҳо роҳандозӣ шуд.
Ин ҳама самараи худро дода, дар кишвар сатҳи камбизоатӣ ба 6,8 фоиз поён рафт.
Таълими босифат, саломатии аҳолӣ – масъалаи муҳимтарине мебошанд, ки тараққиёти ояндаро ҳал менамоянд. Бо ин мақсад, дар ҳашт соли охир якҷоя бо бахши хусусӣ шумораи ҷойҳо дар кӯдакистонҳо то 2,5 миллион, сатҳи фарогирӣ бошад, ба 78 фоиз расонида шуд. Дар мактабҳо барои хонандагон 1 миллион ҷойи иловагӣ фароҳам гардид. Сатҳи фарогирӣ дар таълими олӣ аз 9 фоиз ба 42 фоиз афзуд.
Солҳои охир маблағҳое, ки барои соҳаи тиб ҷудо мегарданд, 6 баробар афзуда, хизматрасониҳои босифати тиббӣ то ба сатҳи маҳаллаҳо фароварда шуд. Беш аз 400 намуди амалиёти тиббии баланди технологӣ дар худи вилояту ноҳияҳо гузаронида мешаванд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи беҳтар шудани шароити зиндагии мардум, сатҳи миёнаи умр аз 73,8 сол ба 75,1 сол дароз шудааст.
Таъкид шуд, ки писару духтарони мамлакат дар саноат, илму фан, фарҳанг ва варзиш ба комёбиҳои бузург ноил мегарданд. Президент ин ҳамаро эътироф карда, ба тамоми ҷавонони Ӯзбекистон чунин гуфт:
“Фарзандони азизи мо, ҳамеша дар ёд дошта бошед: бахт – ба ҷавонони кӯшо, ғалаба ба муборизон насиб мекунад!
Ояндаро – шуҷоъҳо, таърихро ғолибон меофаранд. Ҳамеша ба пеш азм намоед, писарони баҳодурам, духтарони оқилаам! Дар корҳои накӯи Шумо Ватан, халқ, Президент ҳамеша барои шумо такягоҳи муътамад мегардад!”
Роҳбари давлат дар суханронии худ ба вазъи геосиёсӣ низ таваққуф кард.
Таъкид гардид, ки садои Ӯзбекистон дар арсаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ то рафт баландтар садо медиҳад, дар мамлакат ҳамоишҳои зиёди бонуфуз доир мегарданд. Дар ҳамин маврид вқеи Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷӣ боз як бор қайд гардид.
Президент сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалиро, ки дар ҷашн иштирок доштанд, самимона хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории босамар миннатдорӣ изҳор кард.
Шавкат Мирзиёев дар поёни сухани худ идома ёфтани дигаргуниҳоро дар мамлакат таъкид намуда, халқи кишварро ба муттаҳидӣ ва ва фидокорӣ даъват кард.
– Ҳамаи мо халқи ягона, мамлакати ягона, оилаи ягона ҳастем.
Тақдир, оянда, бахт ва дастовардҳои ҳамаи мо низ ягона ва муштарак мебошад.
Бовар дорам, ки ҳар як ҳамватани мо, ин талаби муҳим ва мураккаби замонро амиқ эҳсос намуда, шуҷоатмандона дар роҳи равнақи Ватани азизаш хидмат менамояд, – гуфт Президент.
Сипас шодиёнаи идона бо барномаи консертӣ идома ёфт. Дар сурудҳо санъати ғанӣ ва арзишҳои халқи мо, эҳсоси шукрона аз имрӯз ва орзуву умедҳо барои оянда равшан ифода ёфтанд. Тантана тавассути телевизион ва интернет мустақиман пахш гардида, шукӯҳи ҷашнро ба тамоми минтақаҳо расонд.