Дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Русия ва тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.
Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин Изҳороти муштарак дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии байналхалқии иттилоотиро қабул карданд. Дар маҷмуъ дар ҷараёни ин сафар 18 санади дуҷониба ба имзо расид.