Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Jazeera бо истинод ба манбае дар сохторҳои ҳокимияти Эрон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Теҳрон «аз супоридани уран ба хориҷи Эрон худдорӣ карда, омодагии худро барои паст кардани сатҳи ғанисозӣ дар ҳудуди кишвар таҳти назорати МАГАТЭ баён намудааст».

Пештар хабар дода шуда буд, ки ИМА талаб кардааст, ки Эрон барои 20 сол ғанисозии уранро қатъ кунад, аммо Теҳрон ин шартро рад кардааст.

Ба гуфтаи ҳамон манбаъ, «Вашингтон аз ғояи пешниҳоди интиқоли урани баландғанишудаи Эрон ба Русия рад карда, кишвари сеюмро ҳамчун қабулкунандаи эҳтимолии он пешниҳод намудааст».