Солҳои охир хариди онлайн ва пардохтҳои электронӣ ба як қисми муҳими зиндагии мо табдил ёфта, ҳамзамон, аз ҷониби баъзе афрод ин имкониятҳо мавриди сӯистифода қарор мегиранд. Хусусан, дар арафаи идҳо бо баҳонаи нархҳои арзон ва тахфифҳои калон, ҳатто бо истифода аз номи ниҳодҳои давлатӣ ҳолатҳои фиреби шаҳрвандон меафзояд.
Яке аз чунин ҳолатҳо зимни чорабинии навбатии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор гардид. Дар шабакаҳои иҷтимоии Telegram ва Instagram фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ, ки бо номи Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон канал ва гурӯҳҳои сохта таъсис дода, маблағҳои шаҳрвандонро тасарруф менамуданд, қатъ карда шуд.
Тибқи маълумоти ибтидоӣ, панҷ нафар сокини вилояти Андиҷон, дар синни аз 22 то 25 сола, дар аввали соли ҷорӣ бо нақшаи пешакӣ амалҳои ҷиноятиро содир намудаанд. Онҳо бо номҳои «Мусодара товарлар» ва «Оптом склад» канал ва гурӯҳҳо таъсис дода, бо истифода аз қариб даҳ аккаунти сохта худро ҳамчун кормандони низоми гумрук муаррифӣ кардаанд.
Қаллобон техникаи маишӣ, мебел, гаджетҳо, аз ҷумла моделҳои охирини iPhone, ҳамчунин либосҳоро бо нархҳои ниҳоят арзон пешниҳод кардаанд. Ҳатто барои расонидани мотоскутерҳо, ки аслан мавҷуд набуданд, ваъда медиҳанд. Маблағҳо бошад, тавассути кортҳои бонкие, ки ба номи шахсони дигар сабт шудаанд, қабул гардидаанд.
Дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, ки гурӯҳи ҷиноӣ 60 нафар шаҳрвандро фиреб дода, дар маҷмӯъ 117 миллион сӯм маблағро тасарруф кардаанд. Ҷабрдидагонеро, ки маҳсулотро талаб кардаанд ё барои барқарор кардани алоқа кӯшиш намудаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба «рӯйхати сиёҳ» ворид карда шуда, беҷавоб мондаанд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба шахсони айбдор тибқи моддаи 168, қисми 3, бандҳои «б» ва «г»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, чораи эҳтиётии ҳабс татбиқ шудааст. Ҳоло тафтишот идома дошта, чораҳои ҷуброни зарари моддӣ андешида мешаванд.