Аз Умон ду занеро, ки Интерпол барои савдои одамон ва қаллобӣ ҷустуҷӯ мекард, ба Ӯзбекистон экстрадитсия карданд

    Бехатарӣ 27 May 2025 780

    Бо ҳамроҳии кормандони Бюрои миллии марказии (БММ) Интерполи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, аз шаҳри Масқати Салтанати Умон ба шаҳри Тошканд оварда шуданд.

    Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи чорабиниҳои ҷустуҷӯии фаврӣ ва мубодилаи маълумот бо ҳамтоёни хориҷӣ дар қаламрави Салтанати Умон макони будубош ва боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда муайян гардида, рӯзи 23 майи соли ҷорӣ кормандони БММ Интерполи Ӯзбекистон ду нафар занро, ки барои қаллобӣ ва савдои одамон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, экстрадитсия намуданд.

    Барои анҷом додани раванди экстрадитсияи зани ҷинояткори ҷустуҷӯшаванда, ки барои қаллобӣ айбдор мешуд, як гурӯҳи ҳамроҳӣ ба шаҳри Масқати Салтанати Умон фиристода шуд. Дар ҷараёни мулоқот бо кормандони БММ Интерполи Масқат маълум гардид, ки боз як зани дигар, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон барои савдои одамон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст. Дар натиҷаи ин мулоқот тавофуқи ба дастомада имкони татбиқи раванди содашудаи экстрадитсияро фароҳам овард.

    Ҳамин тариқ, бо шарофати робитаҳои шарикона ва талошҳои муштараки дуҷониба, ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда ба кормандони БММ Интерполи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шуданд, то дар назди қонун ҷавоб диҳанд ва ҷазои сазовори худро гиранд.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates