Ин дар назди кассаҳои бонк, ки дар шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  ҷойгиранд, навбатҳои тӯлонӣ эҷод мекард.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити бештар ба  шаҳрвандон  Агентии хизматрасонии давлатӣ дар системаи иттилоотии "бойгонии ягонаи электронии ЗАГС" имконияти ихтиёран интиқоли кӯмакпулии якдафъаинаро ба корти пластикии бонкии яке аз волидайн фароҳам овард.

Дар ин ҳолат, корманди масъули дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо истифода аз аломати махсус, дар асоси хоҳиши падар ё модар корти пластикии ҷориро интихоб мекунад ва пардохти якдафъаинаро ба корти пластикии бонк мефиристад.

Бонки халқӣ пулро ба корти пластикии бонкии шаҳрванд дар муддати кутоҳ интиқол медиҳад.