Президент: "Дар фасли зимистон дар Тирмиз мушкилоти газ пеш нахоҳад омад"

    Ҳукумат 2 Iyun 2021 3672

    Ҳангоми мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхондарё сарвари давлат ба масъалаҳои беҳтар гардондани инфрасохтори иҷтимоӣ истода гузашт.

    Тавре зикр гардид, имсол тибқи барномаҳои "Деҳаи обод" ва "Маҳаллаи обод" дар 483 деҳа ва маҳаллаҳои вилоят корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд. Барои ин 1,6 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Соли равон дар вилоят биноҳои бисёрошьёнаи 3500 ҳуҷрадор сохта мешаванд.

    Инчунин то 1 октябр таъмир кардани 1230 километр роҳҳо, таҷдиди 700 километр шабакаҳои қубури об, 28 километр канализатсия, кашидани шабакаи барқӣ ба ҳазор километр ба нақша гирифта шудааст.

    Президент Шавкат Мирзиёев ба аҳолии Тирмиз маълум кард, ки аз фонди махсус барои таъмини бефосилаи гази табиӣ ва сохтмони қубурҳои иловагии магистралии газ 70 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Сарвари давлат инчунин қайд кард, ки зимистони имсола дар Тирмиз набояд дар таъминоти газ мушкиле пеш ояд, барои ин бояд ҳамаи чораҳоро андешид.

    Дар ҷаласа шахсони масъул оид ба таъминоти газ маълумот пешниҳод карданд. Тавре зикр гардид, соли гузашта бо баъзе сабабҳо дар таъминоти газ номураттабиҳо ба амал омада буданд. Барои ҳалли ин мушкилот аз қубури бузурги гази Музрабод-Душанбе ба Тирмиз як шохаи дигар кашида шуда, дар қаламраве, ки сокинони 54 ҳазор хона зиндагӣ мекунанд, таъминоти газ устувор карда мешавад. Ин чорабиниҳо то моҳи ноябр анҷом дода мешаванд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates