Гурӯҳе аз астрономҳои Австралия, Британияи Кабир, Дания ва ИМА сайёраи эҳтимолан қобили зист бо номи HD137010b-ро, ки дар масофаи 146 соли рӯшноӣ аз Замин қарор дорад, кашф карданд. Дар ин бора 29 январ рӯзномаи “The Guardian” бо истинод ба тадқиқот хабар дод.
Ба иттилои рӯзнома, сайёра дар гирди ситорае, ки ба Офтоб монанд аст, давр мезанад ва олимон тахмин мекунанд, ки HD137010b ҳамагӣ 6 фоиз аз Замин калонтар мебошад. Муҳаққиқон мегӯянд, ки эҳтимоли ҷойгир будани сайёра дар минтақаи қобили зисти ситораи худ 50 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳар 355 рӯз як маротиба гардиши пурра менамояд, хабар медиҳад tass.ru.
Ба таъкиди рӯзнома, ин ситора нисбат ба Офтоб сардтар ва хиратар аст, аз ин рӯ ҳарорати сайёра метавонад то –70 дараҷа (C) поён равад. Ба гуфтаи яке аз муаллифони тадқиқот, доктор Челси Хуанг, ин сайёра метавонад ба ҳадафи афзалиятноки мушоҳидаҳои оянда табдил ёбад.