Сарони давлатҳо бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд

    Ҳукумат 11 Iyun 2021 5418

    Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дидан карданд.

    Дарёи Сирдарё аз вилояти Суғд мегузарад, ки ба шарофати он кишоварзӣ дар минтақа, хусусан истеҳсоли меваю сабзавот ба таври васеъ рушд кардааст. Тақрибан 43 фоизи тамоми ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии кишвар ба ҳиссаи ин вилоят рост меояд.

    "Боғи миллии Ваҳдат" соли 2008 таъсис ёфтааст. Он 700 гектарро дар бар гирифта, аз он дар 500 гектар дарахтони мева парвариш карда мешавад. Дар ин ҷо сардхонаи зарфияташ то 300 тонна мавҷуд аст.

    Аз соли 2018 парвариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон, дар чор ҳавз парвариши чунин намуди моҳиҳо, аз қабили амури сафед, пешонағафс ва зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд.

    Ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ босуръат рушд менамоянд. Дар ҷараёни мулоқотҳои сатҳи олӣ бисёр созишномаҳои шарикӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар рафти сафари мазкур сарвари давлати мо ба "харитаи роҳ" оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ имзо кард.

    Президентҳо бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки дар қаламрави боғ ташкил карда шудааст, шинос шуданд. Ба масъулини ду кишвар оид ба таъминоти мутақобилаи маҳсулоти меваю сабзавот, нигоҳдорӣ ва содироти онҳо супориш дода шуд.

    Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сарвари давлатамонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates