Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон меояд

    Ҳукумат 31 May 2022 4970

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2-3 июни соли равон бо боздиди расмӣ ба кишвари мо ташриф меорад.

    Рӯзномаи музокироти раҳбарони ду кишвари бародар масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бар мегирад.

    Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, энергетика ва дигар бахшҳо, инчунин идомаи робитаҳои анъанавии наздики байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

    Дар назар аст, ки сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард. Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш имзои силсилаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.

    Қобили зикр аст, ки дар доираи омодагӣ ба сафари сатҳи баланд 30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷамъомади 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таҳти раёсати сарвазирони ду кишвар пурсамар баргузор гардид.

    Фардо, дар остонаи ҳамоиш дар Тошканд бо иштироки корхонаҳои пешқадам форуми тиҷоратӣ ва конфронси илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои таҳкими пайваста ва кушодани иқтидори бузурги шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор мешавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates