баннер
2 Mar 2025
14:55

    Ташаббусҳои нави парвариши маҳсулот дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва деҳқонӣ пешниҳод шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 30 январ бахшида низоми нави парвариши зироатҳои фоидаовар дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳое, ки ба иҷора дода шудаанд, ҷаласа баргузор намуд.

    Ба туфайли муносибати оқилона ва ислоҳоти сохторӣ заминҳои кишоварзӣ ҳосили фаровон медиҳанд. Ҳамзамон, тадбирҳо андешида мешаванд, то дигар заминҳо ба “активи иқтисодӣ” табдил ёбанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва даромади аҳолӣ афзоиш ёбад.

    Дар кишвар 508 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ мавҷуд аст, ки ба беш аз 5 миллион хонавода тааллуқ доранд, инчунин 17 ҳазор гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии қаблан таъсисёфта ва 260 ҳазор гектар заминҳое, ки дар солҳои охир миёни аҳолӣ тақсим карда шудаанд. Ин манбаъҳо асоси амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб мераванд.

    Дар 7 соли охир ба соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 2,3 триллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ва 265 миллиард сӯм субсидия ҷудо карда шудааст. Бо дарназардошти хусусиятҳои маҳаллӣ, 5 145 маҳалла ба парвариши меваву сабзавот, кабудӣ, лимӯ ва дигар зироатҳо тахассус дода шудаанд.

    Аҳолӣ усулҳои муосири агротехникиро омӯхта, ҳосилнокии заминҳои наздиҳавлигӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: агар қаблан аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 18 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешуд, ҳоло ин нишондиҳанда ба 38 тонна расидааст.

    Дар маҳаллаҳо иқтидорҳои нигоҳдорӣ, ҷудокунӣ ва коркарди 470 ҳазор тонна мева ва сабзавот таъсис дода шудаанд. Дар даҳҳо ноҳияҳо, аз ҷумла Асака, Ҷондор, Шаҳрисабз, Уйчӣ, Қизилтеппа, Янгиюл, Тайлоқ, Ангор, Қува ва Олтиариқ, аҳолӣ соле 2-3 маротиба ҳосил ҷамъоварӣ мекунад ва аз ҳар сотих замин ба ҳисоби миёна 15-20 миллион сӯм даромад мегирад.

    Барои рушди минбаъдаи ин соҳа пешниҳодҳои аҳолӣ, коркардкунандагон ва содиротчиён мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

    Масалан, боғдорони вилояти Самарқанд хоҳиш карданд, ки барои парвариши ангур бо усули шпалерӣ (панҷаравӣ), ки ҳосилнокиро дучанд зиёд мекунад, субсидия дода шавад. Ин пешниҳод дастгирӣ ёфт ва акнун барои ҳар як шпалер то 15 ҳазор сӯм субсидия ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин, барои харидории таҷҳизоти хушконии мавиз дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудаанд.

    Дар маҳаллаи Тасмасойи ноҳияи Деҳнав 875 хонавода меваи ситрусӣ ва лимӯ парвариш мекунанд ва то 200 миллион сӯм даромади солона ба даст меоранд. Дар ноҳияҳои Сариосиё ва Олтинсой зиёда аз ҳазор оила низ хоҳиш намуданд, ки лимӯро бо усулҳои "чуқурӣ" ва "термос" парвариш кунанд.

    Фермерони Янгийӯл аз набудани тухмии босифати маҳаллии сабзавот шикоят карданд. Дастурҳо барои бартарафсозии ин мушкилот ва дастгирии ташаббусҳои аҳолӣ дода шуданд.

    Сарвари давлат ташаббусҳои навро оид ба парвариши зироатҳои сердаромад ва содиротӣ, баҳисобгирӣ ва маблағгузории онҳо пешниҳод намуд.

    Барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминдорӣ шӯрои алоҳида таъсис дода мешавад, ки ба омӯзиши аҳолӣ, таъмини тухмӣ ва ниҳолҳо, парвариш, коркард ва содироти маҳсулот машғул хоҳад шуд.

    Зери идоракунии ин шӯро холдинги "UzAgroStar" таъсис дода мешавад ва дар сохтори 9 бонки давлатии кишвар 15 ширкати махсуси истеҳсоли меваву сабзавот ташкил хоҳад шуд. Ин ширкатҳо 15 ноҳияро ба сатҳи нав мебароранд ва таҷрибаи муваффақро дар 72 ноҳияи дигар татбиқ хоҳанд кард.

    Ба ҳар як ширкат аз буҷа 20 миллиард сӯм ҷудо мегардад ва бонкҳо ба ширкатҳои вобасташуда иловатан 10 миллион доллар равона мекунанд. Дар шӯрои мазкур фонди махсус бо сармояи ибтидоии 260 миллиард сӯм ва портфели қарзии 1,2 триллион сӯм таъсис дода мешавад.

    Ин маблағҳо ба бонкҳо имкон медиҳанд, ки сокинони маҳаллаҳои махсусгардонидашударо ҳамчун муштарӣ ҷалб намуда, бо маблағ таъмин намоянд. Системаи дастгирии заминдории наздиҳавлигӣ ҷорӣ карда мешавад, ки воридоти технологияҳои муосир, ҷалби коршиносони хориҷӣ, таъмини хонаводаҳо бо тухмии босифат, нуриҳо ва хизматрасониҳои агротехникӣ, инчунин дастгирии коркард, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулотро дар бар мегирад.

    Дар ҳамкорӣ бо институтҳои тухмипарварӣ дар ноҳияҳои пилотӣ гармхонаҳои "сабз" ташкил карда мешаванд.

    Дар маҷмӯъ, барои маблағгузории парвариши зироатҳои озуқаворӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақрибан 5 триллион сӯм равона карда мешавад.

    Имкониятҳои иловагӣ барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ фароҳам оварда мешаванд.

    Дар маҳаллаҳо ва хонаводаҳо камераҳои яхдонӣ, анборҳои бастубандӣ, хушккунӣ ва коркард, инчунин гармхонаҳо сохта мешаванд, ки бо шароити пардохти тӯлонӣ (бо муддати 5-сола) ба аҳолӣ дода мешаванд.

    Соҳибкороне, ки хидматрасонии заминдорӣ ташкил мекунанд, қарзҳои имтиёзноки 7-сола бо 17,5 фоиз мегиранд. Ҳар сол ба беҳтарин лоиҳаҳои фермерон ва хонаводаҳо дар намуди грант 20 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад ва 500 маҳалла 40 миллион сӯмӣ дарёфт хоҳанд кард.

    Деҳқононе, ки истеҳсоли ба содирот нигарондашуда ташкил мекунанд, метавонанд то 100 миллион сӯм субсидия гиранд, ва ташкилкунандагони курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат – то 5,5 миллион сӯм. Дар минтақаҳои хушк давлат нисфи хароҷоти сохтмони обанборҳо барои ҷамъоварии оби боронро мепӯшонад.

    Тағйироти муҳими дигар – қарзҳои Фонди кишоварзӣ барои парвариш ва коркарди меваву сабзавот бе пешниҳоди гарав, танҳо бо полиси суғуртавӣ дода мешаванд. Деҳқонон метавонанд бе расмиёти зиёдатии бюрократӣ қарзҳои имтиёзнок гиранд.

    Системаи нави баҳисобгирии заминҳои наздиҳавлигӣ ва деҳқонӣ, инчунин маҳсулоти дар онҳо парваришёфта роҳандозӣ мегардад. То охири сол тамоми қитъаҳо тасниф карда шуда, маълумоти кишт ба платформаи "Онлайн маҳалла" ворид карда мешавад.

    Деҳқононе, ки заминро самаранок истифода бурда, аз ҳар сотих расман зиёда аз 5 миллион сӯм даромад мегиранд, метавонанд 90% андози замини пардохтшударо ҳамчун "кэшбэк" баргардонанд. Ҳамзамон, аз соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ки дар замини худ ҳеҷ чиз намекоранд, андози заминӣ бо меъёри баланд ситонида мешавад.

    Дар натиҷаи набудани платформаи рақамии савдо, деҳқонон дар дарёфти харидорон душворӣ мекашанд ва коркардкунандагон ва содиротгарон маҷбуранд маҳсулотро мустақилона ҷустуҷӯ кунанд. Барои ҳалли ин мушкилот платформаи онлайнии бозории рақамӣ (маркетплейс) ба кор андохта мешавад.

    Дар се соли охир 260 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ дода шудааст ва ҳоло система такмил меёбад: дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах ва Тошканд 3 300 гектар замини бекорхобида бо системаи нав ба иҷора пешниҳод хоҳад шуд. Қитъаҳои аз 3 то 50 гектар ба музояда гузошта шуда, барои 49 сол ба иҷора дода мешаванд.

    Ин заминҳо бо таҳлили таркиб ва сифати хок, инчунин нишондоди ҳадди ақал ва ҳадди аксари таъминоти об ба музояда гузошта мешаванд. Дар музояда соҳибкорон аз дигар минтақаҳо низ метавонанд иштирок кунанд. Ҳарид бо коҳиши нархи ибтидоӣ ва шарти пардохти яквақта сурат мегирад. Қисме аз заминҳо барои сохтмони анборҳо ва корхонаҳои бастубандӣ ҷудо карда мешаванд.

    Аз соли 2025 тартиби андозбандии заминҳои кишоварзӣ тағйир меёбад. Агар нишондоди баллии замини иҷорагирифта афзоиш ёбад, андоз бетағйир мемонад, аммо дар ҳолати коҳиш ёфтан, он се маротиба зиёд хоҳад шуд.

    Картошка дар кишвари мо яке аз маҳсулоти серистеъмол ба ҳисоб меравад. Он дар 290 ҳазор гектар замин парвариш мешавад ва сарфи назар аз ин ҳанӯз ҳам эҳтиёҷот тавассути воридот таъмин мегардад. Сабаби асосӣ – сифати нокифояи навъҳо ва ҳосилнокии миёна мебошад.

    Бинобар ин дар назди Институти илмӣ-тадқиқотии картошка вазифа гузошта шуд, ки навъҳои серҳосили ба иқлим мувофиқро ба вуҷуд оварда, соле бо усули «ин-витро» 3 миллион бех ниҳол парвариш ва пахн намояд.

    Имсол барои рушди картошкапарварӣ 400 миллиард сӯм аз Фонди кишоварзӣ ҷудо карда мешавад. Картошкаи тухмии воридотӣ то се сол аз боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Аз соли 2027 эҳтиёҷоти дохилӣ ба картошка пурра аз ҳисоби истеҳсоли маҳаллӣ таъмин хоҳад шуд.

    Ҳамчунин оид ба таъмини техника барои парвариш ва коркарди маҳсулот ва пешниҳоди барномаҳои қулайи лизинг ба деҳқонон супоришҳо дода шуданд.

    Дар ҷаласа сарвари давлат бо деҳқонони пешрафта ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз минтақаҳо суҳбат кард. Яке аз онҳо – Генҷимурат Турдимуратов аз Қароқалпоқистон мебошад, ки дар гармхонаи худ дар як сол 4 маротиба ҳосил рӯёнда, даромади баланд мегирад, бо ордени “Дӯстлик” сарфароз гардонда шуд.

    Шахсони масъул ва бонкҳо нақшаҳои амалӣ кардани ташаббусҳои навро муаррифӣ карданд, ки дар натиҷаи он барои 1 миллиону 500 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷои кор фароҳам оварда мешавад.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech