Бекоркунии ақди никоҳ

Савол: Шахси Р расман бо З. издивоҷ кардааст, аммо дар асл 3 сол боз зиндагӣ намекунанд. Дар ин давра Р. бо шаҳрванд Д., ки бо ӯ расман издивоҷ кардан мехоҳад, ба зиндагӣ шурӯъ кардааст. Р. мепурсад, ки оё ақди никоҳ бо З. ҳануз бекор нашуда бошад, никоҳро бо Д. кайд кардан мумкин аст?

Ҷавоб: Мутобиқи банди 80 Қоидаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ҚДВ Ҷумҳурии Ӯбекистон №378 аз 14 ноябри соли 2016) қайди ақди никоҳ байни шахсоне, ки ақаллан як нафарашон дар ақди никоҳи дигари сабтиномшуда қарор доранд, манъ аст.

Аз ин рӯ, шумо бояд аввал ақди никоҳи пештараро бекор кунед ва баъд ба издивоҷи нав дохил шавед.

Таваллуд кӯдак дар берун аз таваллудхона

Савол: Шаҳрванд Л. дар хона бе духтур кӯдак таваллуд кардааст. Ҳамсоя ва модаркалонаш таваллудро қабул кардаанд. Шаҳодатномаи таваллудро аз куҷо ва чӣ гуна гирифтан мумкин аст?

Ҷавоб: Мутобиқи банди 20 Қоидаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ҚДВ ҶӮ No378 аз 14 ноябри соли 2016) бақайдгирии таваллуди кӯдаке, ки берун аз таваллудхона ва бидуни ёрии тиббӣ таваллуд шудааст, дар асоси шаҳодатномаи тиббӣ, ки аз ҷониби духтури участкавӣ (фельдшер ё акушер)  дода шудааст, сурат мегирад. Асос барои додани маълумотномаи тиббӣ дар чунин ҳолатҳо ҳуҷҷате ба шумор меравад, ки бо иштироки шоҳидони таваллуди кӯдак аз ин модар тартиб дода, аз ҷониби духтури участкавӣ (фельдшер ё акушер) тасдиқ шудааст.

Ислоҳ кардани шаҳодатномаи таваллуд

Савол: Ман ба наздикӣ фаҳмидам, ки дар шаҳодатномаи таваллуди фарзандам дар сабти ном ба хатои имлоӣ роҳ дода шудааст. Ва ман мехоҳам ин хатогиро ислоҳ кунам. Идораи САҲШ (ЗАГС) барои ислоҳи он чӣ қадар вақт лозим аст?

Ҷавоб: Мутобиқи банди 149 Қоидаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза дар бораи ворид намудани тағйирот, ислоҳ ва иловаҳо ба сабти акт бояд аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давоми 15 рўзи ворид шудани он баррасӣкарда шавад.

Ба имзо расондани шартномаи никоҳ

Савол: Шаҳрванд С. ба наздикӣ бо шаҳрванд Ф издивоҷ ходад кард.  Онҳо таваҷҷӯҳ менамоянд, ки оё онҳо метаонанд пеш аз никоҳ шартномаи никоҳ банданд  ё оё танҳо баъди ақди никоҳ шартномаи ақди никоҳ бастан мумкин аст?

Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 30 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ўзбекистон шартномаи никоҳро метавон ҳам то қайди давлатии никоҳ ва ҳам дар давраи никоҳ ба имзо расонд.

Шартномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии он эътибор пайдо мекунад.

Шартномаи ақди никоҳ дар шакли хаттӣ баста мешавад ва бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

Илова бар ин, инчунин иҷозат дода мешавад, ки дар оянда ба он тағйирот ворид карда шавад.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Савол: Ман як фарзанди 6-сола дорам. Баъди марги шавҳарам хешовандони шавҳарам худсарона фарзандамро гирифта, ба ман намедиҳанд. Ба куҷо бояд муроҷиат кунам?

Ҷавоб: Аввалан, шумо агар дар куҷо будани ӯро надонед бояд ба пулис муроҷиат кунед, то кӯдакро ҷуста ёбанд.

Илова бар ин, тибқи қонуни оила, волидайн ҳақ доранд аз ҳар шахсе, ки ӯро ғайриқонунӣ нигоҳ медорад, баргардонидани кӯдакро талаб кунанд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар ҳуқуқ доранд барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба суд муроҷиат намоянд.