Президент Шавкат Мирзиёев 23 август бо тақдимоти лоиҳаҳое, ки дар Тошканд дар соҳаи сохтмон ва ободонӣ татбиқ мегарданд, шинос шуд.
Роҳбари давлат шахсан бо бисёре аз ин лоиҳаҳо, ки ба сохтмони объектҳои муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, савдо ва хизматрасонӣ, иқтидори саноатӣ нигаронида шудаанд, шинос шуд. Дар муаррифии имрӯза дар бораи рафти кор маълумот дода шуд.
Аз ҷумла, 16 октябри соли гузашта Президент бо сохтмони Академияи Хидмати амнияти давлатӣ ва мактаби “Темурбекҳо” шинос шуда буд. Имрӯз сохтмони ин иншоот ба анҷом расида, биноҳои мавҷудаи академия аз нав таҷдид карда шудаанд. Барои мактаб бинои таълимӣ, майдончаи машқҳои ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, стадион, автодром, хобгоҳ ва ошхона сохта шудааст.
31 январи соли 2020 сарвари давлат ба Донишгоҳи илмҳои геологӣ санги асос гузошт. Аз он дам инҷониб дар ин ҷо миқдори зиёди корҳо анҷом дода шуданд: 6 иншооти бисёрошёна сохта, 4 бино азнавсозӣ карда шуданд. Айни замон кор дар арафаи анҷомёбист. Дар баробари донишгоҳ аз ин ҷо донишкадаҳои илмии соҳавӣ, музеи геология, китобхона, хобгоҳ ва дигар биноҳо ҷой хоҳанд гирифт.
Дар ноҳияи Юнусобод маҷмӯи нави биноҳои Донишкадаи меъморию сохтмонии Тошканд сохта мешавад. Сохтмони ду корпуси таҳсили 5-ошёна, бинои маъмурии 8-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна идома дорад. Баҳрабардории онҳо моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа барои омӯзгорони донишкада, мутахассисони маркази илмию тадқиқотӣ ва оилаҳои онҳо иншооти иҷтимоӣ сохта мешаванд.
Яке аз лоиҳаҳои бузург дар соҳаи таълим – Донишгоҳои “Ӯзбекистони нав” мебошад, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 июн ба таҳсили аввалин донишҷӯён барои соли хониши оянда шурӯъ мекунад. Барои донишгоҳ шуъбаи бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия ҷудо шуда, замонавӣ таъмир карда шуданд.
Дар оянда барои Донишгоҳи “Ӯзбекистони нав” кампуси замонавӣ сохта мешавад. Кор оид ба лоиҳа, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ таҳия шудааст, дар марҳилаи аввалини худ қарор дорад.
Ҳангоми боздид аз мактаби махсусгардонидашудаи Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар соли 2019 Президент дастур дода буд, ки дар паҳлӯи он филиали IT-парк таъсис дода, ба он ҷавонон ҷалб карда шаванд ва барои такмил додани таҷрибаи онҳо шароити васеъ фароҳам оварда шавад.
Дар ҳоли ҳозир сохтмони иншоот ба охир расида истодааст ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосир идома дорад.
Дар бахши тандурустӣ лоиҳаҳои зиёде амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилӣ бинои нав барои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, трансплантология ва ҷарроҳии асабу раг сохта мешаванд. Дар натиҷа барои гузарондани ин ҷарроҳиҳои мураккаб шароити муосир фароҳам оварда шуда, дар як сол ба таври иловагӣ ба 3 ҳазор бемор ёрии тиббии баландтехнологӣ расонида мешавад. Сохтмони комплекси нав моҳи сентябри соли равон ба охир мерасад.
Беморхонаи пешини клиникии Вазорати мудофиа дар солҳои чилуми қарни гузашта сохта шудааст. Сарвари давлати мо соли 2018 аз он дидан карда, оид ба азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз сохтани беморхона ва ҷорӣ намудани менеҷменти муосир дастур дод. Дар ин замина корҳои бузурги сохтмону таъмир пеш бурда мешавад. Беморхонаи марказии клиникии ҳарбӣ аз моҳи декабри соли равон дар бинои таҷдидшуда ба кор оғоз мекунад.
Ҳамчунин дар бораи рафти сохтмони маркази вазъияти "Шаҳри бехатар", марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо маълумот дода шуд.