Раҳбари Амрико ҷонибдори оғози фаврии музокирот дар бораи харидории ин ҷазира шуд, хабар медиҳад kommersant.ru.
«Ман аз Гренландия ва ҳамаи ҳуқуқҳои моликиятӣ хоҳиш мекунам. Наметавон қаламраверо ҳифз кард, ки ба шумо тааллуқ надорад», — гуфт президенти ИМА ҳангоми суханронӣ дар Давос.
«Ин ҷазираи бузург ва бемуҳофизат дар асл як қисми Амрикои Шимолӣ буда, дар сарҳади шимолии Нимкураи Ғарбӣ ҷойгир аст. Ин қаламрави мост», — таъкид кард Доналд Трамп.
Ба гуфтаи ӯ, ИМА солҳои зиёд ба НАТО кумак карда, қобилияти дифоии ин эътилофро таъмин намудааст, дар ҳоле ки на ҳамаи кишварҳои узв барои ин мақсад маблағи кофӣ ҷудо мекарданд. Акнун, гуфт Доналд Трамп, Иёлоти Муттаҳида танҳо як чизро талаб мекунад — ба даст овардани Гренландия.