Маъмурияти Вашингтон дар Иёлоти Муттаҳида ҳолати фавқулода эълон мекунад, ба гуфтаи онҳо, аз Куба гӯё таҳдид вуҷуд дорад. Мақомоти ИМА ҳамкорӣ намудани Ҳавана бо Русия ва Чинро яке аз асосҳои таъини чораҳо бар зидди интиқоли нафт ба давлати ҷазираӣ аз ҷониби кишварҳои дигар мешуморанд. Дар бораи ин дар фармони иҷроияи президенти ИМА Доналд Трамп гуфта мешавад.

Тибқи ин ҳуҷҷат, дар ИМА расман аз сабаби таҳдиди гӯё аз ҷониби Куба вуҷуддошта ҳолати фавқулода ҷорӣ мегардад. Аз рӯи қонун ин ба роҳбари амрикоӣ ҳуқуқ медиҳад, ки ба молҳои кишварҳое, ки ба Куба нафт мерасонанд, боҷҳо муқаррар кунад. Ҷорӣ кардани чунин ҳолат як амалиёти стандартӣ дар ИМА ба шумор меравад. Трамп ин корро ҳадди ақал 10 бор дар давраи дувуми президентияш барои татбиқи чораҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани боҷҳо анҷом додааст. Дар ИМА чандин даҳҳо чунин ҳолатҳо амал мекунанд, ки мунтазам дакроз карда мешаванд, хабар медиҳад tass.ru.

Дар матни фармон гуфта мешавад, ки яке аз асосҳо барои эҳтимоли ҷорӣ намудани ин боҷҳо он аст, ки гӯё ҳукумати Куба амалҳое мекунад, ки “ба ИМА зарар мерасонанд ва таҳдид мекунанд”. Ба назари маъмурияти Вашингтон, Ҳавана бо “ҷонибҳои барои ИМА душманона” ҳамдил аст. Ба ин ҷонибҳо, тибқи матни фармон, ИМА аз ҷумла Русия, Чин ва Эронро дохил мекунад. “Масалан, Куба ошкоро рақибони хатарноки ИМА-ро қабул мекунад ва онҳоро барои ҷойгир кардани силоҳ ва низомҳои разведкавии навтарин даъват менамояд, ки бевосита ба амнияти ИМА таҳдид мекунанд”, — гуфта мешавад дар санад.

Тибқи версияи дар фармони Трамп овардашуда, “дар Куба бузургтарин объекти хориҷии разведкаи радиолокатсионии Русия ҷойгир аст, ки бо ёрии он кӯшиш мешавад маълумоти махфии марбут ба амнияти миллии ИМА дуздида шавад”. Дар ҳуҷҷат мушаххас намегардад, ки сухан дар бораи кадом объект меравад. Маркази разведкаи радиолокатсиии Русия дар Лурдес (пеши шаҳри Гавана) соли 2002 баста шуда буд. Дар фармон ҳамчунин гуфта мешавад, ки “Куба ҳамкории наздики худро бо Чин дар соҳаҳои разведка ва мудофиа идома медиҳад”.