Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки мехоҳад Исроил ба хабарнигорони байналмилалӣ иҷозати вуруд ба Ғаззаро диҳад, гузориш медиҳад aa.com.tr.

Ба саволи «Оё шумо ба Исроил фишор меоред, то ба хабарнигорон иҷозати вуруд ба Ғазза диҳад?» Трамп чунин посух дод:

«Ман мехостам, ки ин рӯй диҳад. Ман бар зидди вуруди хабарнигорон чизе надорам. Агар шумо хабарнигор бошед, мусоҳиб шудан дар он ҷо метавонад хатарнок бошад, шумо инро медонед, аммо ман мехостам, ки ин рӯй диҳад».