"Дар Канада дефолт аст, онҳо нисбат ба ҳама камтар ба НАТО пардохт мекунанд, ин беадолатист. Онҳо фикр мекунанд, ки Амрико ба онҳо ба таври худкор кӯмак мекунад. Вале агар онҳо як иёлот шаванд, ин хеле хуб хоҳад буд. Мо барои як кишвари ҷудогона ин корро идома намедиҳем", - гуфт Трамп дар мусоҳиба бо Fox News.
Ба гуфтаи ӯ, киштиҳои русӣ ва чинӣ гӯё "атрофи Канада ва наздикии Гренландия чарх мезананд". "Мо иҷозат намедиҳем, ки ин кор дар атрофи Гренландия рух диҳад", - таъкид кард ӯ.
Трамп инчунин қайд кард, ки Канада саноати мошинсозии бузург дорад ва гуфт: "Мо мошинҳои онҳоро намехоҳем". Вай таҳдид кард, ки агар созишномаҳо ба даст наоянд, ба маҳсулоти саноати автомобилсозии Канада боҷи то 100% ҷорӣ хоҳад кард.
Қаблан Трамп сарвазири Канада Ҷастин Трюдоро "губернатори иёлати бузурги Канада" номида буд. Баъдан ӯ пешниҳод кард, ки Канада метавонад аз боҷҳои тиҷоратии ИМА халос шавад ва ҳимояи низомӣ гирад, агар ҳамчун 51-умин иёлоти ИМА ба ҳайати он ворид гардад, хабар медиҳад ria.ru.