Тадбирҳо оид ба рушди трансплантология баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 13 Sentabr 2021 3988

    Президент Шавкат Мирзиёев 13 сентябр бо тақдимот оиди тағйир додани хидмати ҷарроҳӣ шинос шуд.

    Ҳар сол дар кишвари мо ба ҳисоби миёна 750 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами тибби ҷаҳонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ, шумораи намудҳои амалиёте, ки дар марказҳои ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешаванд, то 350, дар марказҳои вилоятҳо - то 130, дар беморхонаҳои вилоятӣ - то 60 афзоиш ёфтанд. Дар 32 беморхона шӯъбаҳои замонавии ҷарроҳии эндоваскулярӣ ташкил карда шудаанд.

    Маркази ҷумҳуриявии тахассусии илмию амалии ҷарроҳии ба номи академик В.Воҳидов дар ин самт муассисаи асосӣ буда, дар минтақаҳо 14 филиал дорад.

    Дар тақдимот дар бораи потенсиали илмию тиббии марказ, натиҷаҳои ташхис дар минтақаҳо маълумот дода шуд.

    Дар Барномаи давлатии дар Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ қабулшуда дар пойгоҳи иттиҳодияҳои тиббии вилоятӣ ва шаҳрӣ таъсиси 35 маркази байнисоҳавии ҷароҳатҳои омехта ва бемориҳои шадиди рагҳо ба назар гирифта шудааст. Бо ин мақсад, 26 июли соли равон Президент қарор «Дар бораи чораҳои минбаъд беҳтар намудани сифати ёрии тиббӣ ба аҳолӣ»-ро қабул кард.

    Имрӯзҳо кори зина ба зина барои ташкили ин марказҳо идома дорад. Ҳар яки онҳо дорои 50 кат хоҳад буд. Марказҳои замонавӣ имкон медиҳанд, ки амалиёти баландтехнологӣ дар худи ноҳияҳо гузаронида шавад.

    Дар тақдимот корҳо дар мисоли беморхонаи ноҳияи Оқолтини вилояти Сирдарё, ки ба сокинони ноҳияҳои Оқолтин, Сардоба ва Мирзаобод хизмат мерасонад, баррасӣ гардид. Тибқи қарори Президент чанде пеш дар ин марказ ба маблағи 1 миллион доллар таҷҳизот насб карда шуд. Дар айни замон сеансҳои телемедитсина ташкил карда шуда, ихтисоси табибон такмил дода мешавад.

    Сарвари давлат қайд кард, ки шумораи намудҳои ҷарроҳиеро, ки дар марказҳои байниноҳиявӣ анҷом дода мешаванд, ба 79 адад ва дар минтақаҳо то ба 168 адад расонидан мумкин, ба шахсони масъул супориш дод, ки барои ин шароити зарурӣ фароҳам оранд.

    Яке аз соҳаҳои серталабтарин имрӯз кӯчонда гузарондани узвҳо мебошад. Солҳои охир ба ин соҳа диққати махсус дода, заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ бинои нав барои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, трансплантология ва ҷарроҳии нейрорагҳо сохта мешавад.

    Дар кишвари мо 500 бемор ба кӯчонда гузарондани ҷигар, 1500 нафар ба трансплантатсияи гурда ниёз доранд. Набудани таҷҳизоти шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, нарасидани мутахассисони баландихтисос, набудани лабораторияҳои тадқиқоти иммуногенетикӣ ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

    Ба ҳамин муносибат ба трансплантология нигарондани Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии ҷарроҳӣ бо дар он созмон додани лабораторияи иммуногенетикӣ ва маркази симулятсионӣ, инчунин ба роҳ мондани гузарондани ҷарроҳиҳо оид ба кӯчонда гузарондани гурда дар вилоятҳои Намангон, Самарқанд ва Хоразм ба нақша гирифта шудааст.

    Президент зарурати тайёркунии мутахассисонро дар соҳаи ташхис, ҷарроҳӣ ва табобат дар асоси технологияҳои пешрафта, ташкили такмили ихтисосро дар муассисаҳои пешбари тиббии хориҷа таъкид кард.

    Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки барои ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо кунад, низоми пардохти тафриқаноки музди меҳнати ҷарроҳон- трансплантологҳоро ҷорӣ намояд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates