Дар бораи лоиҳаҳои бузурги соҳаи нақлиёт маълумот дода шуд

    Ба Президент Шавкат Мирзиёев доир ба лоиҳаҳои бузурги соҳаи нақлиёт маълумот дода шуд.

    Баробари рушди иқтисодиёт ва суръат гирифтани ҳаёт, талабот ба равобити нақлиётӣ низ меафзояд. Дар соли 2030 ба 15 миллион расидани гардиши мусофирони ҳавоӣ ба шаҳри Тошканд дар назар аст. Вале барои ин иқтидори фурудгоҳи ҳозира намерасад. Азбаски дар даруни шаҳр ҷойгир аст, васеъ кардани он низ имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, бунёди аэропорти нави байналмилалӣ дар вилояти Тошканд ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло пешниҳодҳои ширкатҳои хориҷӣ оид ба шарикии хусусӣ бознигарӣ мешаванд.

    Дар тақдимот мутасаддиён дар бораи тамоми ҷанбаҳои ин лоиҳаи бузург маълумот доданд.

    Солҳои охир ба хоҷагии роҳ низ маблағи зиёд ҷудо гардида, иншооти нав сохта мешаванд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, бунёди роҳҳои алтернативӣ низ тарҳрезӣ мегардад. Дар ин самт барои созмони муҳити ҷолиб ба инвесторон Қонун “Дар бораи роҳҳои автомобилгард” дар таҳрири нав таҳия гардид.

    Дар ин асос, ба лоиҳаи бунёди роҳи муқобили баландсуръат байни Тошканд ва Самарқанд ширкатҳои чанд давлати ҳамкор мароқ зоҳир кардаанд.

    Мутасаддиён дар бораи натиҷаҳои музокироте, ки бо онҳо гузаронида шуд ва пешниҳодот гузориш доданд.

    Роҳбари давлат зарурати ҳамаҷониба тарҳрезии ин инфрасохтори стратегӣ ва зудтар гузаштан ба марҳилаи амалиро таъкид кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates