Ин чорабинӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил шуда, ба як майдони муҳими байналмилалӣ барои баррасии нақши Амир Темур ва тамаддуни Эҳёи Шарқ дар таърих ва фарҳанги ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Дар конфронс зиёда аз 300 иштирокчӣ — олимон, коршиносон, дипломатҳои сатҳи баланд ва намояндагони ҷомеа аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Аз ҷумла, намояндагони созмонҳо ва марказҳои илмӣ, ба мисли ICESCO, Маркази омӯзиши исломии Оксфорд, IRCICA ва фонди «Ал-Фурқон» даъват шудаанд.

Дар ҷараёни барнома масъалаҳои муҳими давраи Темуриён, аз ҷумла идоракунии давлат, дипломатия, санъати ҳарбӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ, инчунин рушди илм ва фарҳанг баррасӣ мешаванд.

Илова бар қисми илмӣ, барномаи ғании фарҳангӣ ва сайёҳӣ: боздид аз Маркази тамаддуни исломӣ, намоишгоҳҳои мавзӯӣ, намоиши филми мустанади бадеии "Амир Темур ва Донна Мария", мэппинг-шоу ва намоиши театрии "Тӯй дар Конигил" пешниҳод карда мешавад.

Дар анҷоми конфронс тавсияҳои илмӣ ва нақшаи роҳ барои омӯзиш ва тарғиби мероси Темуриён қабул мегардад, инчунин меморандумҳои ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба имзо мерасанд.

Баргузории ин конфронс як қадами муҳим дар таҳкими муколамаи байналмилалии илмӣ ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии Ӯзбекистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.