Ширкати туркии "Cimtas Steel" ба нақша гирифтааст, ки дар Ӯзбекистон манораҳо барои генераторҳои бодиро истеҳсол намояд

    Саноат 28 Oktabr 2022 1391

    26 октябри соли равон муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нозим Холмуродов бо ҳайати ширкати "Cimtas Steel", ки яке аз бузургтарин таъминкунандагони таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва аввалин истеҳсолкунандаи манораҳо барои таҷҳизоти барқии бодӣ дар Туркия мебошад, мулоқот кард.

    Дар рафти гуфтушунид ҷанбаҳои ташкилии пешниҳоди ширкат оид ба татбиқи лоиҳаи истеҳсоли манораҳо барои таҷҳизоти барқии бодӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Зимни ошноии намояндагони ширкат бо фазои сармоягузории дар кишвари мо фароҳам овардашуда, имтиёзҳо ва сабукиҳо барои сармоягузорони хориҷӣ, ба сифати самтҳои қобили қабул ва самараноки фаъолияти ширкати "Cimtas Steel": таъмини таҷҳизот ва маҳаллигардонии истеҳсоли манораҳо барои таҷҳизоти бодӣ дар Ӯзбекистон муайян шуданд.

    Пас аз анҷоми музокирот намояндагони ширкат ҳавасмандии худро ба татбиқи лоиҳаи истеҳсоли манораҳо барои турбинаҳои бодӣ дар вилояти Тошканд бо дурнамои содироти маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор намуданд. Дар навбати худ, роҳбарияти вазорат омодагии худро барои амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузории ширкат изҳор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates