“Akcha Xolding”-и Туркия ният дорад дар Ӯзбекистон истеҳсолоти нассоҷӣ созмон диҳад

    Сармояҳо 30 Noyabr 2022 815

    29 ноябри соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон –вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев бо узви Шӯрои директорони ширкати туркии Akcha Holding Аҳмет Билге Гоксан мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба бо назардошти татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кишоварзӣ ва мошинсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Намояндагони ширкати туркӣ ба шароите, ки дар Ӯзбекистон барои фаъолияти бароҳати сармоягузорон фароҳам оварда шудаанд, баҳои баланд дода, омодагии худро барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба маблағи 250 миллион доллар дар вилояти Наманган изҳор доштанд. Сухан дар бораи истеҳсоли маҳсулот аз ришта, сачоқҳои маҳин, матоъҳои хонагӣ, трикотаж, либосҳои ҳарбӣ, матоҳои ранга ва дигар маҳсулоти нассоҷӣ, ки ба бозорҳои ШМА, Аврупо, Бразилия, Канада ва дигар мамлакатҳо нигаронида шудааст, меравад. Дар сурати пурра ба кор даровардани он 12-15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот ҷониби Ўзбекистон омодагиро барои расондани кумаки ҳамаҷониба дар ҳамаи зинаҳои татбиқи лоиҳа, инчунин дар раванди коркарди ташаббусҳои нави сармоягузорӣ изҳор намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Барои маълумот: Akcha Xolding яке аз бузургтарин ширкатҳои Туркия буда, ба он корхонаҳои саноати сабук, энергетика, истеҳсоли хӯрокворӣ, генераторҳои турбодизелӣ ва муҳаррикҳо шомиланд. Корхона зиёда аз 20 хазор нафар коргар дорад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates