Иқтидори сайёҳӣ ва сармоягузории Ӯзбекистон дар Гонконг намоиш дода шуд

    Сайёҳӣ 13 Aprel 2024 1280

    Сафорати Ӯзбекистон дар Чин дар Маркази бузурги молиявии ҶМЧ Гонконг муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, содиротӣ ва сайёҳии кишвари моро ба намоиш гузошт.

    Дар ин чорабинӣ намояндагони маъмурияти Гонконг ва Шӯрои рушди тиҷорат, ҳудуди 200 ширкат, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва бонкҳои ин минтақа ширкат доштанд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Ба ҷамъомадагон оиди ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, имкониятҳои барои сармоягузорон фароҳам овардашуда маълумот доданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин доир ба иқтидори сайёҳии кишвар ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

    Соҳибкорони Гонконгӣ ба ташриф овардан ба Ӯзбекистон, аз ҷумла ширкат варзидан дар Форуми III байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки 2-3 май баргузор мегардад, шавқмандӣ зоҳир намуданд.

    Намояндагони тиҷорати Чин дар чорабинӣ нутқ эрод намуда, таъкид карданд, ки сиёсати кушод ва ислоҳоти пешрафтаро, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, маъқул медонанд. Ба ақидаи онҳо, дар натиҷаи ин дигаргуниҳо барои рушди босуръати мамлакати мо имкониятҳои нав ба вуҷуд меоянд. Онҳо ба сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон ва татбиқи лоиҳаи тиҷоратии мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

    Гонконг яке аз бузургтарин марказҳои молиявии Чин аст, ки 7,5 миллион аҳолӣ дорад. Дар соли 2023 ММД 383 миллиард долларро ташкил дод. Гонконг яке аз содиркунандагони пешбари ҷаҳонии маҳсулоти нассоҷӣ, либос, дастгоҳҳои электронӣ, ҷузъҳо, соатҳо, бозичаҳо ва дигар молҳо мебошад. Имрӯз бахши хидматрасонӣ беш аз 90 дарсади ММД-и Ҳонгконгро ташкил медиҳад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates