Иқтидори сайёҳии вилояти Самарқанд дар Япония муаррифӣ гардиданд

    Сайёҳӣ 29 Iyul 2025 1410

    Бо мақсади тарғиби васеи имкониятҳои сайёҳии вилояти Самарқанд ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон аз Япония ба минтақа, дар шаҳри Нараи Япония чорабинии муаррифӣ баргузор гардид, ки ба имкониятҳои сайёҳии вилояти Самарқанд бахшида шуда буд.

    Дар доираи ин чорабинӣ Раёсати сайёҳии вилояти Самарқанд муаррифии махсуси имкониятҳои сайёҳии минтақаро пешниҳод намуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои бонуфузи сайёҳии Япония иштирок намуданд ва бо имкониятҳои сайёҳии Самарқанд аз наздик шинос шуданд.

    Ҳангоми баргузории чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ ва баромадҳои ҳунарии намояндагони вилояти Самарқанд пешкаш шуданд, инчунин намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардиданд. Ин муаррифӣ таваҷҷуҳи зиёди меҳмонони япониро ба худ ҷалб кард.

    Илова бар ин, байни Раёсати сайёҳии вилояти Самарқанд ва ширкатҳои пешбари сайёҳии префектураи Нара музокирот баргузор гардид. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда ба сатҳи нав бароварда шаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates