Илова бар ин, бо мақсади зиёд намудани гардиши сайёҳон аз Чин ба Хоразм иқтидори сайёҳии минтақа тавассути телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин «CCTV», ки яке аз шабакаҳои телевизионии пешрафтаи ҷаҳон бо тамошобинони зиёда аз 1 миллиард нафар васеъ тарғиб карда мешавад. Лоиҳаҳои телевизионӣ дар 49 кишвари ҷаҳон ба 6 забон пахш мешаванд. Ҳамчунин маҷаллаи «Halal Business» дар шумораи махсуси худ бахшида ба «IX - World halal summit»-и Созмони ҳамкории исломӣ ду мақола дар бораи Ӯзбекистон нашр кардааст.
Дар он натиҷаҳои Ассамблеяи Генералии UNWTO, ки рӯзҳои 16-20 ноябри соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор шуд, инчунин дар бораи иқтидори сайёҳии вилояти Хоразм, додани мақоми «Хива – пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024» ва баргузории нишасти вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай дар кишварамон муаррифӣ шуд.









