Пешвои миллии халқи туркман роҳбари давлати моро самимона табрик намуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 июл бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

    Пешвои миллӣ роҳбари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург, инчунин ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу субот ва пешравӣ орзу кард.

    Дар ҷараёни суҳбат масоили марбут ба иҷрои тавофуқҳое, ки ҷиҳати рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон, дар мулоқоти сатҳи олӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд ба даст омада буданд, баррасӣ гардид.

    Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки ҳаҷми муомилоти мол афзоиш меёбад, ҳамкориҳо дар сатҳи ширкатҳо ва соҳибкорон амиқтар мегарданд ва мубодилаи фаъоли фарҳангию башарӣ идома меёбад.

    Инчунин, дар бораи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла омодагӣ ба Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки имкони ба баҳр баромаданро надоранд, инчунин, мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates