Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадрро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов ва ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯжаев пешвоз гирифтанд.
Баъди мулокоти гарму ҷӯшон кортеҷ бо ҳайати вакилони мамлакати бародар ба боғи «Янги Ӯзбекистон» равон шуд, ки дар он ҷо Президенти Туркманистон ба пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузошт.
Сердар Бердимуҳамедов бо консепсияи ҳалли меъморӣ ва хусусиятҳои композитсияи ҳайкалтарошии маҷмӯъ муфассал шинос шуд.
Бо ин маҷмӯи боҳашамат шинос шудани меҳмонони олиқадр, ки ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд, ба анъана табдил ёфтааст.