Ҷамоаи эҷодии Ӯзбекистон дар фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» иштирок мекунад

    Фарҳанг 10 May 2022 1351

    Аз 11 то 14 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнвораи байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» бо иштироки гурӯҳҳои эҷодии Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон баргузор мешавад.

    Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму тавсеаи робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина бештар нишон додани санъат ва ҳунари миллӣ доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

    Маросими ифтитоҳи ҷашнвора рӯзи 11 май дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

    Барномаи эҷодии кишварҳои ширкаткунанда 12 май дар шаҳри Норак ва 13 май дар шаҳри Ҳисор идома хоҳад кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates