Ба иштирокдорони Фестивали сеюми байналмилалии санъати халқиву амалӣ ва Форуми байналмилалии кулолгарӣ

    Муҳтарам иштирокдорони фестивал ва форум! Меҳмонони азиз! Хонумон ва ҷанобон!

    Шумо, азизонро бо ифтитоҳи Фестивали байналмилалии санъати халқиву амалӣ ва Форуми байналмилалии кулолгарӣ, ки ба яке аз шаҳрҳои таърихии Ватани ҷоноҷонамон – Қӯқанди бостониву латиф нафаси тозаи идона оварданд, аз таҳти дил самимона муборакбод мегӯям.

    Дар ин анҷумани мо, ки ба бозомӯзӣ ва тарғиби санъати амалии мардумӣ, таърихи рушд, мактаб ва анъанаҳои он нигаронида шудааст, аз 70 мамлакати ҷаҳон қариб 300 нафар ҳунармандони моҳир, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангӣ иштирок доранд, ки ин аз торафт афзун гардидани нуфуз ва обрӯву эътибори он дар сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.

    Дар мамлакати мо ба рушди соҳаи ҳунармандӣ, ки қисми ҷудонопазири мероси ғании фарҳангии дар давоми асрҳо ташаккулёфтаи халқамон ва анъанаву арзишҳои миллӣ мебошад ва байни гузаштаву оянда ҳамчун пули маънавӣ хидмат мекунад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар натиҷа, ин самт ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил меёбад. Тасдиқи инро мо метавонем дар имконоти бузурге, ки барои ҳунармандон, устоҳои гулдаст, тарроҳ ва эҷодкорони ҷавон фароҳам оварда мешаванд, корҳои густурдае, ки ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ баровардан ва ҳамчун бренди миллӣ муаррифӣ кардани маҳсулоти онҳо амалӣ мегарданд, мушоҳида намоем.

    Бахусус, дар шаҳр ва ноҳияҳое, ки ин соҳа рушд кардааст, таъсис ёфтани 11 маркази рушди ҳунармандӣ, аз 1,5 триллион сӯм афзудани ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулот, инчунин, густариши содироти онҳо ба мамлакатҳои гуногуни ҷаҳонро бояд махсус таъкид намуд.

    Дар натиҷаи саъю талошҳои пайгирона ҷиҳати эҳёи намудҳои санъати амалӣ, шумораи онҳо ба 43 расид, дар се соли охир, 31 ҳазору 500 нафар устоҳои моҳири мо, ки дар самтҳои гуногун меҳнат мекунанд, бори аввал ба узвияти Иттиҳодияи "Ҳунарманд" қабул гардиданд.

    Танҳо дар асоси анъанаи “Устод ва шогирд” 118 ҳазор нафар, аз ҷумла шаҳрвандони ниёзманд, муваққатан бекор ва дорои маъюбият бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин аз аҳамияти калони рушди соҳа дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ гувоҳӣ медиҳад.

    Дар мамлакат ба масъалаи ҳавасманд кардани меҳнати заҳматноки ҳунармандон, ки бо меҳр ва садоқати бузург ба касби худ фаъолият мекунанд, диққати махсус дода мешавад, аксар намояндагони соҳа бо унвонҳо, ордену медалҳои олии давлатӣ сарфароз мегарданд.

    Иштирокдорони мӯҳтарам!

    Конференсияҳои байналмилалӣ, намоишгоҳ ва ярмаркаҳо, намоиши либосҳои миллӣ ва вохӯриҳо, ки дар доираи фестивал баргузор мешаванд, ҳамчунин Форуми байналмилалии кулолгарӣ, ки дар ноҳияи Риштон доир мегардад, албатта ба як майдони хоси муколамаи эҷодӣ табдил ёфта, барои ҳунармандони ҷавон чун дарсҳои маҳорат хидмат менамояд.

    Тавре аён аст, бо қарори Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон, шаҳрҳои қадимаи мо, чун Бухоро, Қӯқанд ва Марғелон ба мақоми олии “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандон” сазовор гардида буданд. Имсол ба қатори онҳо Риштон ва Шаҳрихон низ ҳамроҳ мешаванд.

    Дар ин рӯзҳо аз тарафи Саркотиботи ТУРКСОЙ ба шаҳри Қӯқанд боз як номи пуршараф — “Шаҳри ҳунармандони ҷаҳони турк” дода шуд. Мо ин ҳамаро ҳамчун як эътирофи сатҳи байналмилалии корҳоямон, ки ба рушди санъати амалии мардумӣ нигаронида шудаанд, қабул мекунем.

    Бовар дорам, ин ҷашнҳои ҳунар, ки дар замини беназири Фарғона, ки аз қадим бо анъанаҳои нек, аз ҷумла, мактабҳои ҳунармандӣ, устоҳои дар маҳорат беҳамтои худ шуҳрат дошт, баргузор мегардад, чун воқеаи фаромӯшнопзир дар ҳаёти фарҳангии кишвари мо нақши муҳим мегузорад, риштаҳои дӯстӣ ва ҳамҷиҳатиро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад ва барои насли ҷавон имкониятҳои фаровон фароҳам меорад.

    Ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, комёбиҳои нави эҷодӣ, дар кори фестивал ва форум муваффақият таманно мекунам.

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates