Шуморо, тамоми бонувони Ӯзбекистонро бо 8 март – Рӯзи байналмилалии зан ва духтарон аз самими қалб табрик мегӯям.
Зиндагии инсон ва рушди ҷомеаро бидуни зану духтарон ва бе фазилатҳои некӯи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Мо дар симои шумо неруи бузургеро мебинем, ки 22 миллион нафар насли ҷавонро, ки ҳамчун бунёдкорони Эҳёи сеюм ба майдон меояд, бо меҳри модарона тарбия карда, ба камол расондааст.
Агар гӯем, ки Шумо соҳибкор, олим, омӯзгор, шифокор, муҳандис, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бо як сухан, фариштаҳои хонадонҳои мо, такягоҳи оила ва ҷомеа ҳастед, ин айни ҳақиқат хоҳад буд.
Хоҳарони азиз!
Мо дар мамлакат ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зану духтарон ва ҳалли мушкилоти онҳо низоми комилан навро ба роҳ мондем. Ҳангоми қабули ҳамаи қонун, фармон ва қарорҳо механизмҳои ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои гендерӣ ҷорӣ карда шуданд.
Акнун бидуни арзёбии таъсир ба ҳуқуқу манфиатҳои зану духтарон ягон қонун қабул намешавад.
Бо туфайли имконият ва шароите, ки фароҳам гардид, синфи тақрибан 230 ҳазор нафар бонувони соҳибкор ташаккул ёфт, шумораи занони фермери мо ба 12 ҳазор нафар расид, теъдоди бонувони олиме, ки дар рушди илму фан саҳми бузург мегузоранд, аз 6 ҳазор нафар афзуд.
Соли гузашта духтарони шуҷои мо дар майдонҳои варзишии ҷаҳон 167 медали тилло, 193 нуқра ва 243 биринҷӣ ба даст оварданд, ки сазовори таҳсин аст.
Чунин тағйироти бузург дар ҳаёти зану духтарони мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф мегардад. Бахусус, Ӯзбекистон дар рейтинги «Занон дар парлумон»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ 92 зина боло рафта, мақоми 36-умро ишғол кард; дар индекси «Баробарии гендерӣ ва идоракунӣ» аз ҷойи 103-юм ба мақоми 52-юм баромад; дар ҳисоботи «Бонувон, тиҷорат ва қонун»-и Бонки ҷаҳонӣ мавқеи худро 43 зина беҳтар намуда, ба ҷойи 48-ум баромад.
Аз фурсат истифода бурда, ба бонувонамон, ки бо меҳнат, истеъдод ва заковати худ дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳми арзанда мегузоранд, ба духтаронамон, ки дар арсаи байналмилалӣ Ватанамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд ва ҳамчунин ба падару модар, устод ва мураббиёни онҳо миннатдории самимӣ баён менамоям.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Масъалаи соҳиби кор ва даромад намудани занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Соли гузашта бо мақсади таъмини шуғли занон ва ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ 23,5 триллион сӯм кредит равона кардем. Дар натиҷа беш аз 425 ҳазор хоҳарони мо ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб гардиданд.
Масалан, сокини ноҳияи Янгиариқ Наргиза Бекмуратова, ки дар соҳаи нассоҷӣ 300 занро бо ҷойи кор таъмин кардааст, соли гузашта корхонаи дуюми худро кушода, боз 100 ҷойи нави корӣ таъсис дод. Ин духтари соҳибкори мо соли 2025 дар озмуни байналмилалӣ, ки дар шаҳри Анқара баргузор гардид, дар номинатсияи «Бонуи соҳибкоре, ки барои зану духтарон бештар ҷойи корӣ таъсис додааст» ғолиб шуд.
Ман чунин духтарони боғайрати худамонро бунёдкорони Ӯзбекистони Нав мешуморам. Барои ҳамаҷониба дастгирӣ кардани онҳо омода ҳастам. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ 166 ҳазор зан ва духтарон ба касбҳои муосир ва соҳибкорӣ, боз 100 ҳазор нафари дигар ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ омӯзонида мешаванд.
Ҳамчунин барои дар хонаи худ соҳибкорӣ намудани хоҳаронамон барномаи «Бонуи соҳибдаромад»-ро оғоз хоҳем кард. Тавассути ин бо кӯмаки соҳибкорони пешсаф дар соҳаҳои касаначигӣ, ҳунармандӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ шуғли 50 ҳазор зан таъмин карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар доираи барномаи «Ҳамроҳ» барои 3 ҳазор лоиҳаи занон дар маҷмӯъ 1 триллион сӯм ҷудо мегардад.
Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ соҳиби даромад намудани 1,5 миллион бонувон, аз ин шумор ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани 400 ҳазор нафарро пеши худ мақсад кардаем. Барои татбиқи ин ҳадафҳо зиёда аз 25 триллион сӯм маблағ равона карда мешавад. Барои иҷрои ин корҳо муовинони Сарвазир Ҷ. Қӯчқоров ва З. Маҳкамова, вазири коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шуғл Б. Зоҳидов, раиси Бонки марказӣ Т. Ишметов ва ҳокимони вилоятҳо масъул хоҳанд буд.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз шумораи духтароне, ки дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил мекунанд, аз 904 ҳазор нафар афзуд, ки ин 54 фоизи ҳамаи донишҷӯёнро ташкил медиҳад.
Соли гузашта 60 нафар духтарони мо ба донишгоҳҳои бонуфузтарини ҷаҳон дохил шуданд, ки ин албатта боиси хушнудии ҳамаи мо мебошад.
Миёни стажёр-тадқиқотчиён ва докторантҳо 8,5 ҳазор нафар, яъне 61 фоизро зану духтарон ташкил медиҳанд, ки ин низ сазовори диққат аст.
Ҳамчунин дастовардҳои духтарони мо, ки дар анҷумани имрӯза иштирок мекунанд – Индира Сатниёзова аз ноҳияи Кегейли, Вазира Файзуллоева аз Бухоро ва Машҳура Қудратова аз Навоӣ – дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҳамчун сафири ширкати бонуфузи “Microsoft” дар Ӯзбекистон эътироф шудани Дилафрӯз Ҷӯрабоеваи бувайдагиро, ки ғолиби як қатор озмунҳои байналмилалии стартап аст, қайд кардан бамаврид мебошад.
Аз соли нави таҳсил шумораи квотаи грантҳои давлатиро барои бонувони оилаҳои ниёзманд ду баробар зиёд карда, ба 4 ҳазор хоҳем расонд.
Ҳамчунин маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯ-духтароне, ки дар асоси таълими муштарак дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои шомили TOP-300 таҳсил мекунанд, аз ҷониби давлат пардохт мегардад.
Акнун ҳар сол бо мақсади дастгирии ғояҳои инноватсионии зану духтарон дастикам дар 10 самт озмунҳои стартап гузаронида мешаванд. Ба ғолиби ҳар як самти ин озмунҳо аз Фонди инноватсия то 500 миллион сӯм грант пешниҳод мегардад.
Таълими касбӣ барои духтароне, ки синфи 11-уми мактабҳоро хатм карда, ба техникумҳои давлатӣ дохил мешаванд, пурра дар асоси гранти давлатӣ сурат мегирад.
Фикр мекунам, ки ин ташаббусҳо барои занону духтарони мо дарҳои имкониятҳои навро боз менамоянд.
Дӯстони азиз!
Эҷоди муҳити оштинопазир нисбат ба фишор ва зӯроварӣ алайҳи занон ва кӯдакон барои мо вазифаи стратегӣ мебошад. Ҳамин ҳафта боз як фармони муҳимро имзо кардам. Акнун бар зидди ҳама гуна ҳолатҳои зӯроварӣ ва фишор нисбат ба занон ва кӯдакон дар асоси низоми қатъӣ мубориза хоҳем бурд.
Мехоҳам боз ба як масъалаи муҳим таваққуф намоям. Имрӯз дар муассисаҳои иҷрои ҷазо 2589 нафар бонувон муҳлати ҷазои худро адо мекунанд.
Ин занон, ки бо сабабҳои гуногун, дониста ё надониста ба ҷиноят даст задаанд, низ шаҳрвандони ҳамин кишваранд. Мо бояд дар бораи ба ҳаёти иҷтимоӣ баргардондан, ба аъзои комили ҷомеа табдил додани онҳо ҷиддан андеша кунем.
Аз ин занон, ки ҷазои худро адо мекунанд, 1239 нафар соҳиби маълумоти миёна ҳастанд, аммо на касб ва на ҳунар доранд. Аз онҳо 443 нафар хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълими олиро изҳор кардаанд. Аз ин рӯ, барои кори мақсаднок бо чунин зану духтарон барномаи «Ҳаёти нав»-ро оғоз менамоем.
Вазорати корҳои дохилӣ якҷо бо Агентии таҳсилоти касбӣ ва Вазорати коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шуғл занонеро, ки муддати ҷазоро адо мекунанд, дар барномаҳои касбии 3-6-моҳа омӯзонида, ба онҳо сертификат медиҳад. Ҳамчунин, ба маҳкумҳо имконият фароҳам меорем, то дар ҳамон ҷо имтиҳон супорида, ба донишгоҳҳо дохил шаванд ва таҳсили фосилавиро идома диҳанд.
Ба онҳое, ки дар асоси шартнома ба хондан дохил мешаванд, бо шарти баргардонидан пас аз адои ҷазо ва ба кор ҷойгир шудан, қарзи бефоиз дода мешавад.
Модаркалонҳои муҳтарам, хоҳарони азиз!
Имрӯз Ӯзбекистони Нав ба марҳилаи нави рушди худ бо қадамҳои устувор ворид мешавад. Мо дар назди худ ҳадафҳои бузургеро гузоштаем, ки пеш аз ҳама барои бахти инсон, барои ва қадри инсон хидмат мекунанд. Зеро хушбахтии инсон аз оила оғоз меёбад ва оила бо зан мустаҳкам аст. Наслҳои оянда маҳз дар ҳамин макони муқаддас ба камол мерасанд. Бешубҳа, дар ин раванд тарбияи маънавии духтарони мо нақши ҳалкунанда дорад.
Фазилатҳои муқаддас, чун меҳру оқибат, ору номус ва андеша, ба дили духтарони мо тавассути насиҳат ва пандҳои бибиҷонҳои мо роҳ меёбанд. Духтароне, ки дар чунин муҳити хонаводагӣ тарбия ёфтаанд, бо рафтору кирдор, одобу ахлоқ ва муносибати худ ба зиндагӣ барои ҳамсолони худ намуна шудаанд. Дар шароити имрӯз ниёз ба чунин мактаби тарбия беш аз ҳар вақти дигар муҳимтар гардидааст.
Дар ин маврид мехоҳам ба ҳамаи модаркалонҳо, ки ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарини санҷиш сар хам накарда, тамоми умри худро барои оила ва фарзандони худ бахшидаанд, муроҷиат намоям.
Мо соли 2026-ро беҳуда «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон накардаем. Ҳамаи мо мебинем, ки вазъ дар ҷаҳон то чӣ андоза пурхатар шуда истодааст.
Дар чунин давраи мураккаб мо боз ҳам амиқтар эҳсос мекунем, ки сулҳу оромӣ дар кишвар неъмати бузурги Худованд аст. Ҳифзи он бошад, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Бовар дорам, ки дар чунин шароит бибиҳои дуогӯ ва модарони мӯҳтарами мо дар оилаҳо бобати қадр намудани ин неъмат, ҳифз кардани он ва дар дили фарзандону наберагон бедор кардани ҳисси шукргузорӣ намунаи ибрат мешаванд.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Барои инсон дидани самараи меҳнати худ ва ба эътирофу эътибор сазовор гардидан бахти бузург аст.
Дар арафаи ин ҷашни муборак фармонро дар бораи бо унвон, орден ва медалҳои олии давлатӣ сарфароз гардондани як гурӯҳ заноне, ки дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд, имзо кардам. Инчунин, тибқи анъана боз 28 нафар духтарони мо, ки дар таҳсил, эҷод, илму фан, варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сазовор гардиданд.
Аз номи тамоми халқамон соҳибони ин мукофотҳоро бори дигар табрик менамоям.
Хоҳарони муҳтарам!
Солҳои охир бо Шумо, азизон, тамоми халқамон корҳои бузургеро анҷом додем, ки пештар дар таърих рух надода буданд.
Бо меҳнати ҳалолу пурмашаққат ба эътироф ва эҳтироми тамоми ҷаҳон сазовор шуда истодаем. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳар як соҳа ва бахш мактаби Ӯзбекистони Нав ташаккул меёбад.
Барои мо, дар ин замони бисёр душвор ва мураккаб баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурге, ки дар назди худ гузоштаем, муттаҳид будан ва дар ҳамҷиҳатӣ меҳнат кардан аз ҳар вақта муҳимтар аст.
Ба як мамлакати занонаш аз ҳаёти худ ризоманд ва сарзамини бонувони хушбахту саодатманд табдил додани Ӯзбекистони Нав, орзуи бузургтарини ман мебошад.
Боварии комил дорам, ки бо чун шумо бонувони фидокор, фаъол ва меҳнатдӯст, бо тамоми халқи кишвар мо албатта ба ин мақсадҳои неки худ мерасем.
Дар анҷоми суханам ҳамаи зан ва духтарони Ӯзбекистонро бори дигар бо фарорасии иди нафосат ва ҷашни зебоӣ аз самими дил табрик менамоям.
Барои ҳамаи шумо сиҳатмандӣ, ба хонадонҳоятон оромию осоиш ва бахту саодати оилавӣ орзу менамоям.
Идатон муборак бошад!