Дар ин бора рӯзи сешанбеи 11 март, сарвари Идораи Президенти кишвар Андрей Ермак хабар дод.
Вай гуфт, Вашингтон ба Русия хоҳад гуфт, ки мутақобила аз ҷониби вай калиди расидан ба сулҳ аст. Ермак ҳамчунин хабар дод, ки дар ҷараёни музокирот дар Арабистони Саудӣ ҳайатҳои Амрикову Украина аҳамияти талошҳои башардӯстонаро ҳамчун бахше аз раванди сулҳ баррасӣ кардаанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳайати дастаҳои музокиракунандаи худро муайян намуда, фавран музокиротро барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, ки амнияти дарозмуддати Украинаро таъмин мекунад, оғоз кунанд, хабар медиҳад news.rambler.ru.