Уламои Ӯзбекистон дар моҳи Рамазон дар Амрико суҳбатҳои маърифатӣ анҷом медиҳанд

    Чанд сол аст, ки бо пешниҳоди идораҳои динии кишварҳои хориҷӣ уламо ва ҳофизони ӯзбекистонӣ дар чорабиниҳои динию маърифатии кишварҳои хориҷӣ ширкат варзида, намозҳои таровеҳро адо мекарданд.

    19-уми апрели соли равон як гурӯҳ аз уламои барҷастаи кишвари мо барои ширкат дар хатми Қуръон ва намози таровеҳ ба манотиқи мухталифи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафта, то охири моҳи Рамазон суҳбати маърифатӣ баргузор мекунанд.

    Сафари мазкур бо даъват ва хоҳиши намояндагони Маркази исломии Ал-Бухорӣ дар Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар рафти мулоқоти онлайнӣ бо раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Нуриддин домла Холиқназаров ба амал бароварда шудааст.

    Дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва Маркази исломии Ал-Бухорӣ дар Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар соли равон рӯз ва ҷойи баргузории маърӯзаи илмию маърифатии чунин уламои бонуфуз, ба мисли Муҳаммад Аюбхон домла Ҳомидов, Исҳоқҷон домла Бегматов, Исмоил домла Муҳаммад Содиқ, Ҷалолиддин домла Ҳамроқулов, Ҳасан домла Қодиров, Қосимҷон қорӣ Каримов, Абдулҳамид домла Ҷуманов, Анвархон қорӣ Зоитов барои мусулмонони ӯзбекзабони амрикоӣ муайян гардиданд.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, олимону воизони барҷастаи кишвари мо дар моҳи Рамазон дар вақт ва макони дар видеомавод нишондодашуда маърӯза мехонанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates