Мақомоти Флорида гузориш доданд, ки чанд нафар дар ҳавзаи Сент-Люси қурбони тӯфон шуданд - онҳо дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекарданд. Дар бораи теъдоди қурбониёни тӯфон то ҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Ба ҷои ҳодиса гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ, намояндагони хадамоти оташнишонӣ ва пулис расидаанд. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Ҳарчанд қувваи тӯфон ба категорияи 3 поин оварда шудааст, аммо ҳисороти он ба таври густарда хоҳад буд. Маркази миллии мушоҳидаи тӯфони ИМА хабар медиҳад, ки тӯфон тақрибан соати 20:35 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи аҳолинишини Сиеста-Ки дар Флорида ба замин расид, суръати максималии шамол 193 км/соатро ташкил дод.
Гирдоби сахте, ки тӯфонро бо худ овард, беш аз 125 хонаро хароб кард. Тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор нафар бе барқ мондаанд.
Интизор меравад, ки "Милтон" бо тӯфони шадид, боришоти шадид ва шамолҳои сахт ҳамроҳ шавад. Пешгӯӣ мешавад, ки тӯфон ҳадди ақал то субҳи рӯзи панҷшанбе қавӣ боқӣ мемонад.
Иёлатҳои Миссисипи ва Каролинаи Ҷанубӣ эълом карданд, ки воҳидҳои Горди Миллиро ба Флорида мефиристанд, то ба мақомоти маҳаллӣ дар рафъи паёмадҳои офати табиӣ кумак кунанд, хабар медиҳад mir24.tv.