USAID ният дорад дар Ӯзбекистон корхонаҳои хусусии соҳаи агротуризмро маблағгузорӣ кунад

    Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) интихоби дархости консептуалиро байни корхонаҳои хусусии агротуристӣ дар Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ва минтақавӣ эълон кард.    Интихоб аз ҷониби “Фонди рушди агробизнес”, ки бо Лоиҳаи USAID оид ба рушди агробизнес ба қарибӣ таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.

    Дар миқёси ҷаҳонӣ агротуризм воситаи муассири рушди деҳот буданашро собит кардааст. Агротуризм манбаи иловагии даромад барои корхонаҳои хурди кишоварзӣ буда, инфрасохтори деҳотро беҳтар намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Дар Ӯзбекистон, давлати аграрӣ, ки тақрибан нисфи аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунанд, агротуризм дорои потенсиали бузург аст ва метавонад ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди деҳот табдил ёбад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Сафоратхонаи ИМА дар Ӯзбекистон.

    Бо мақсади дастгирии тиҷорати хусусии маҳаллӣ дар офаридани маҳсулот ва хидматрасониҳои агротуризм бо арзиши иловагӣ, фонд интихоби пешниҳодҳои консептуалиро эълон кард ва ният дорад, фаъолияти ба афзоиш додани фурӯш, зиёд гардондани сафари сайёҳон, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои занон ва ҷавонон нигарондашударо маблағгузорӣ кунад. Лоиҳаи USAID оид ба рушди агробизнес пешниҳодҳои консептуалии корхонаҳои агробизнеси ҷавбгӯи меъёрҳоро, хусусан аз корхонаҳое, ки соҳибони онҳо занон ва ҷавонон мебошанд, истиқбол мекунад.

    Лоиҳаи USAID оид ба рушди агробизнес лоиҳаи панҷсола мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон барои дастгирии рушди бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзии кишвар тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва усулҳои идоракунии тамоми занҷири ба вуҷуд овардани арзиши иловагии маҳсулоти меваву сабзавоти интихобшуда татбиқ карда мешавад. Ин талошҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо арзиши иловагӣ дар Ӯзбекистон, ҷалби занон ва ҷавонон, пайваст кардани муассисаҳои таълимӣ бо эҳтиёҷоти бахши хусусӣ ва мусоидат ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди кишоварзӣ равона карда мешаванд.

    Мӯҳлати ниҳоии ддодани дархостҳо 15 октябри 2021 мебошад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates