USAID лоиҳаи нави дастгирии соҳибкорӣ дар Ӯзбекистонро оғоз мекунад

    Сайёҳӣ 15 Mart 2024 2628

    Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар бораи роҳандозии лоиҳаи дастгирии тиҷорат, ташаббусҳои навъоварӣ, ки ба ҳавасмандгардонии афзоиши иқтисодии устувор ва инклюзивӣ дар Ӯзбекистон нигаронда шудааст, эълон намуд.

    Дар маросими муаррифӣ дар вилояти Фарғона USAID эълон кард, ки ташаббуси панҷсоларо барои баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна дар чаҳор бахш: технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), сайёҳӣ, нассоҷӣ ва иқтисоди сабз татбиқ мекунад.

    Ҳадафи лоиҳа расидан ба ду мақсади асосӣ, аз ҷумла коҳиш додани монеаҳо дар рушди бахши хусусӣ мебошад.

    -- Ин ташаббус як лаҳзаи калидӣ дар талоши муштараки мо барои шукуфоӣ, фарогирӣ ва ояндаи устувори Ӯзбекистон мебошад. Бо кумак дар бартараф кардани монеаҳои муҳим дар роҳи рушд ва истифода аз динамизми бахши хусусӣ, мо кӯшиш мекунем, ки имкониятҳои нави тиҷоратро, махсусан барои корхонаҳое, ки занон ва ҷавонон роҳбарӣ мекунанд, кушоем», - гуфт директори миссияи USAID дар Ӯзбекистон Дэвид Ҳоффман.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates