Низомнома тартиби истифодаи оқилонаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ (аз ҷумла чарогоҳҳоро) муқаррар мекунад. Дар он чунин пешбинӣ шудааст:

Истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ бо роҳи нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ташкили гардиши кишт бо дарназардошти захираҳои обӣ;

Истифодаи оқилонаи чарогоҳҳо бо роҳи нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва муайян намудани гардиши чарогоҳҳо бо дарназардошти сарчашмаҳои об;

Арзёбии ҳолати истифодаи оқилонаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва ташаккули хулосаҳо аз рӯйи натиҷаҳои он.