Низом «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ, фурӯш, додан, тақсим ва ҳисоби маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», ки таҳти рақами 3604 аз 27.01.2025 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст, ба ҳамаи шахсони ҳуқуқие дахл дорад, ки бо муомилоти чунин моддаҳо дар асоси литсензия фаъолият мекунанд.
Додани маводи нашъаовар дар дорухонаҳо танҳо бо дорухати духтур аз ҷониби шахсони зерин иҷозат дода шудааст:
▪️ мудири дорухона;
▪️ фармасевт (провизор);
▪️ ассисенти фармасевт.