Дар ин бора хадамоти матбуоти ин ниҳод хабар дод.

Ҷаласа бо иштироки роҳбарияти дастгоҳи марказии Кумитаи андоз, мақомоти ҳудудии андоз ва ташкилотҳои тобеъ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 ҷамъбаст шуда, вазифаҳои афзалиятнок барои давраи ҷорӣ муайян карда шуданд.

Раиси Кумитаи андоз Фаррух Пулатов изҳор дошт, ки нишондиҳандаҳои пешбинишудаи соли 2025 пурра иҷро шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми воридоти андоз ба буҷет дар натиҷаи соли гузашта нисбат ба соли 2024 ба андозаи 24,3 фоиз афзуда, дар минтақаҳо ин нишондиҳанда 26,5 фоизро ташкил додааст.

Дар ҷаласа ба тағйирот дар қонунгузории андоз таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар соли 2026 ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиёда аз 110 илова ва тағйирот ворид карда шудаанд, ки ба такмили маъмурияти андоз ва коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ равона шудаанд. Чораҳо ҷиҳати татбиқи онҳо, инчунин идомаи рақамисозии низоми андоз муайян карда шуданд.

Дар ҷараёни Коллегия ҳисоботҳои муовинони раиси кумита, роҳбарони идораҳои ҳудудӣ ва нозироти ноҳиявӣ (шаҳрӣ) шунида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ нисбат ба 53 корманде, ки дар фаъолияти худ ба камбудиҳо ва иштибоҳҳо роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ андешида шуданд. Илова бар ҳафт роҳбари нозироти ҳудудӣ, як муовини сардори идораи андоз ва як сардори шуъбаи идораи андоз низ аз вазифа озод карда шуданд.

Дар поёни ҷаласа ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки иҷрои бечунучаро ва босифати нишондиҳандаҳои пешбинишудаи воридоти андоз барои семоҳаи аввали соли 2026-ро аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз таъмин намоянд.