Ўзбекистон – Иттиҳоди Аврупо: пешомади ҳамкорӣ баррасӣ шуд

    6 октябр Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева сарвари Ҳайати (сафоратхона) Иттиҳоди Аврупо дар Тошканд сафир Шарлотта Андриян ва роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “INTER PARES” - "Парламентҳо дар шарикӣ" Ҷонатан Ричард Мерфиро ба ҳузур пазируфт.

    Дар мулоқот дурнамои таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, бахусус робитаҳои байнипарлумонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуд.

    Зимни муколама махсусан таъкид гардид, ки салоҳияти парлумони миллӣ оид ба амалӣ намудани назорати самарабахши парлумонӣ аз болои эҷоди қонун ва фаъолияти мақомоти иҷроия васеъ гардида, нақш ва фаъолияти занон дар фаъолияти парлумон низ афзудааст.

    Хонум Шарлотта Адриан дар бораи лоиҳаи ҷаҳонӣ оид ба вусчъати иқтидори парлумонии "INTER PARES", ки соли 2019 ба роҳ монда шуда буд, ба рушди демократияи намояндагӣ ва фарогир тавассути дастгирии фаъолияти самараноки 46 парлумон дар кишварҳои шарик равона шудааст, сухан гуфт.

    Изҳор гардид, ки бо дарназардошти дастовардҳои баланд бардоштани нақши порлумон дар низоми идораи давлатии ҷумҳурӣ Ӯзбекистон ба ин барнома шомил шуда, яке аз иштирокчиёни аслии он маҳсуб мешавад.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории парлумонҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла амалӣ намудани чорабиниҳои амалӣ оид ба ташаккули буҷет ва таъмини назорати он, ҷорӣ намудани парламенти электронӣ, таҳкими мавқеи занон, тавсеаи иқтидори Парлумони ҷавонон ва ҳифзи муҳити зистро мувофиқа намуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates