Ўзбекистон – Фаронса: масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд

    21 феврал муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Сафоев бо Сафири Фаронса дар Ӯзбекистон О.Бушез мулоқот кард.

    Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории парлумонҳои ду кишвар, ислоҳоте, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, қонунгузорӣ ва волоияти қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Таъкид гардид, ки имрӯз ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби муколамаи сатҳи олӣ дар муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Фаронса ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст. Махсусан таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузорад.

    Дар мулоқот ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи ду кишвар баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates