Ўзбекистон – Эрон: ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ривоҷ меёбад

    Нақлиёт 15 Mart 2023 1494

    Дар чаҳорчӯби сафари ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов бо вазири роҳсозӣ ва шаҳрсозии Эрон Меҳрдоди Базрпош мулоқот кард.

    Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Эрон дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо алоҳида қайд карданд, ки соҳаи нақлиёту транзит яке аз самтҳои муҳим ва стратегии ҳамкории байни кишварҳои мост.

    Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Меҳрдод Базрпош омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар заминаи ҳамлу нақли мултимодалӣ ва рушди ҳамлу нақли транзитӣ эълом кард.

    Дар ин дидор ҷонибҳо дар мавриди иҷрои нақшаи тавсеаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар ҳама бахшҳои ҳамлу нақл ва созишномаи Ашқобод ба мувофиқа расиданд.

    Масъалаҳои истифодаи самарабахш аз имконоти бандарҳои ҷанубӣ ва шимолии Эрон, фаъолсозии ҳамлу нақл дар долони нақлиётии “Шимолу Ҷануб”, коҳиши тарифҳои мавҷуда ва осон кардани ҳамлу нақл ба воситаи роҳи автомобилгард ва оҳан бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои ронандагон аз ҳар ду мамлакат низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶӮ, дар чаҳорчӯби самтҳои ҳамкорӣ, ки дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, вазифаҳо барои иҷрои минбаъдаи онҳо муайян шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates