Ўзбекистон – Қатар: дар Тошканд нишасти 1-уми КБҲ ва форуми васеъмиқёси соҳибкорон баргузор мегардад

    14 марти соли равон вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Қудратов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳасан Ҳамза Ҳошим мулоқот намуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.

    Аз ҷумла, рафти татбиқи созишномаҳое, ки дар рафти сафари раҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ба Доҳа моҳи феврали соли ҷорӣ ба даст омадаанд, баррасӣ гардиданд. Сухан дар бораи баргузории ҷаласаи 1-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фаннии ду кишвар дар моҳи март ва ҳамоиши муштараки соҳибкорони ду кишвар дар Тошканд меравад.

    Зимни гуфтушунидҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини самаранок ва саривақтии тамоми созишномаҳои мавҷуда миёни ду кишвар, муайян кардани самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои шарикӣ байни сохторҳои соҳибкорӣ, муайян кардани монеаҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо байни ду кишвар гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шавад.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба суръат бахшидан ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқии буғугазӣ дар вилоятҳои Сирдарё ва Сурхондарё, инчунин аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways ташкил намудани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои кишварҳои мо тавофуқ ҳосил шуд, ки ба афзоиши гардиши сайёҳон ва ҳаҷми тиҷорати дуҷониба мусоидат мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates