баннер
27 Apr 2025
15:35

    Ӯзбекистон – Чин: лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи агросаноатӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд

    Дар ин рӯзҳо ҳайати Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон дар намоишгоҳи «Beijing International Digital Agriculture and Irrigation Technology Expo», ки дар шаҳри Пекин (ҶМЧ) баргузор мегардад, иштирок мекунад.

    Дар ин чорабинӣ зиёда аз 800 ширкати пешбари соҳаи кишоварзӣ ва технологияҳои обёрӣ маҳсулот ва дастовардҳои худро пешниҳод кардаанд.

    Дар доираи намоишгоҳ ҳайати Ӯзбекистон тақдимотҳои худро баргузор намуда, дурнамои ҳамкориро бо як қатор ширкатҳои чинӣ муҳокима кард. Аз ҷумла:

    Бо ширкати «Beijing Hrunan Technology» – масъалаҳои татбиқи технологияҳои сарфакоронаи истифодаи об ва системаҳои идоракунии захираҳои обӣ;

    Бо «Tianjin Hongwang» – лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои сохтани гармхонаҳои интеллектуалӣ ва истеҳсоли пӯшишҳои махсуси гармидиҳанда;

    Инчунин, масъалаи навсозии гармхонаҳои кӯҳна дар хоҷагии таҷрибавии Донишгоҳи аграрии давлатии Тошканд баррасӣ гардид.

    Илова бар ин, намояндагони ширкати «Rainborn» оид ба лоиҳаҳои мониторинги хок гуфтушунидҳо анҷом доданд, инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои «Shanghai Argist Co. LTD» ва «Defa Science and Technology» мавриди омӯзиш қарор гирифт.

    Дар барномаи сафари ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин мулоқотҳо бо намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешбари Чин ба нақша гирифта шудаанд.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech