Ӯзбекистон – АМА: самтҳои нави шарикии стратегӣ

    Дар ҷараёни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб бо намояндагони Дафтари Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб Холид Ал-Ҳармудӣ ва Алия Ал-Жанаҳӣ мулоқот баргузор шуд.

    Зимни музокира масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми мониторинг ва назорат барои татбиқи чорабиниҳои стратегӣ «dashboard» муфассал баррасӣ шуданд. Низоми мазкур аз ҷониби Вазири оид ба корҳои Девони Вазирони АМА Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Гергавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари ба қарибии ӯ ба Ӯзбекистон тақдим шуда буд.

    Ҷониби Араб омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони Агентии рушди стратегӣ дар раванди татбиқи низоми мониторинг изҳор дошт.

    Илова бар ин, дар Дафтари Сарвазири АМА муаррифии системаи муттаҳидшудаи ADAA, ки аз ҷониби ҳукумат ва мақомоти давлатии АМА истифода мешаванд, баргузор гардид.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба марҳилаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ворид намудани тағйироти зарурӣ ба равандҳои мавҷудаи ҷудо ва мониторинги рушди маблағҳои буҷетӣ, тренингҳо барои ҷонибҳои манфиатдор, инчунин дигар чорабиниҳо дар доираи татбиқи лоиҳа мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Агентии рушди стратегӣ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates