Ўзбекистон-Туркманистон: имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

    Ба манзури тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ҳайати намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Туркманистон таҳти раҳбарии Режеп Мередов ба Узбакистон сафар кард.

    Меҳмонон дар ҷараёни сафари якҳафтаина (7-14 январи соли 2023) навъҳои пахтаи барвақтӣ ва маҳиннахро, ки дар кишвари мо рӯёнда мешаванд, барои парвариши минбаъдаи онҳо дар Туркманистон меомӯзанд.

    Онҳо дар соҳаи боғу токпарварӣ табодули таҷриба намуда, ба ҳамкорӣ дар соҳаи тухмипарварии картошка шурӯъ мекунанд.

    Ҳамзамон, директори Маркази рушди тухмипарварии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Мамаҷонов намояндагони ҳайати Туркманистонро бо корҳое, ки дар соҳаи тухмипарварӣ дар кишвари мо амалӣ мегарданд, шинос намуд ва дар бораи имкониятҳои навъҳои пахтаи серҳосилу барвақтпаз ва сернах, ки дар вилояти Бухоро парвариш карда мешаванд, нақл кард. Ин навъҳо дар лабораторияи таҳлили хок, ки аз ҷониби ҶММ «Бухоро Агрокластер» таъсис дода шудааст, рӯёнда шудаанд.

    Илова бар ин, ҳайат аз корхонаи коркарди шир дар асоси хатҳои технологии муосири аз Италия овардашуда дидан намуда, дар он ба онҳо маҳсулот намоиш дода шуд.

    Намояндагони ҳайат инчунин аз кластерҳои тухмипарварӣ ва картошкапарварӣ, боғдорӣ ва пахта-бофандагии вилоятҳои Бухоро, Сурхондарё, Самарқанд ва Тошканди ҷумҳурии мо дидан карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates