Ўзбекистон – Туркия: ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ инкишоф меёбанд

    30 октябр дар Палатаи савдою саноати Ӯзбекистон бо аъзои хайати вакилони Ҷумҳурии Туркия бо сардории раиси раёсати Иттифоқи саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ Т. Ф.Коҷой вохӯрӣ ба амал омад.

    Ҳадафи аслии сафар ба кишвари мо рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Ӯзбекистон ва музофоти Айдини Туркия мебошад. Аз ҷумла, шиносоӣ бо иқтидори Ўзбекистон дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, инчунин ноил гардидан ба созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак.

    Муовини аввали раис Ислом Ҷасимов ба аъзои ҳайат барои сафарашон ба кишвари мо ва таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ӯзбекистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Палатаи савдо ва саноат омода аст дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар мусоидат намояд.

    Дар доираи сафар ҳайат аз вилоятҳои Самарқанд ва Хоразм дидан мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates