Тавре ки хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад, ҳамаи мусофироне, ки бо парвозҳои ширкат ба Арабистони Саудӣ аз 14-уми апрел равона мешаванд, бояд чиптаҳои бозгашт ба Тошкандро бо парвозҳои Uzbekistan Airways дошта бошанд ва то 30-юми апрели ҳамин сол қаламрави Арабистони Саудиро тарк намоянд.
Дар ҳолати пас аз 30 апрели соли ҷорӣ дар КСА мондани мусофирон муайян карда шавад, агент ва / ё мусофир барои ҷарима ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Парвозҳои Uzbekistan Airways дар масири «Тошканд – Ҷидда – Тошканд» тибқи дастури Идораи генералии авиатсияи граждании Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз 30-юми апрели соли ҷорӣ қатъ карда мешаванд.