«Uzbekistan Airways» ба анҷоми парвозҳо бидуни истифода аз фазои Ироқ ва як қисми Эрон шурӯъ кард

    Нақлиёт 3 Oktabr 2024 1104

    Ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» аз 2 октябри соли ҷорӣ парвозҳои мунтазамро бидуни истифода аз фазои Ироқ ва қисми ғарбии Эрон анҷом дод. Дар ин бора хидмати матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабаро медиҳад.

    «Бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳои гражданӣ аз 2 октябри соли 2024 тибқи дастури Агентии авиатсияи шаҳрваднии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Uzbekistan Airways» парвозҳои мунтазамро бо дарназардошти гирдогирд парвоз кардан аз фазои Ироқ ва қисмати ғарбии фазои ҳавоии Эрон то дастури минбаъда анҷом медиҳад», - гуфта мешавад дар паём.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки «Uzbekistan Airways» анҷоми парвозҳои мунтазамро бинобар хатсайри "Тошканд - Тел-Авив - Самарқанд/Тошканд", бо истифода аз хатсайрҳои алтернативӣ барои таъмини бехатарии парвози максималӣ амалӣ менамояд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates