КБМ мақомоти олии Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) ба шумор меравад, ки дар он масъалаҳои умумии меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин меъёрҳои байналмилалии меҳнат баррасӣ мешаванд ва сиёсати умумии созмон муайян мегардад. Дар чорабинӣ беш аз 3000 намояндаи ҳукуматҳо, корфармоён ва коргарон аз 187 кишвари узви СБМ иштирок мекунанд.

Дар доираи чорабинӣ бо қарори якдилонаи ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони байналмилалии меҳнат  бори аввал дар таърих Намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева раиси Кумитаи масъалаҳои умумии иҷлосияи 113-уми КБМ (General Affairs Committee, CAG) интихоб гардид.

Кумита, ки як сохтори доимии КБМ мебошад, дар таъмини фаъолияти самараноки конфронс, баррасии масъалаҳои мураккаби идоракунӣ ва таъмини устувории институтсионалии СБМ нақши стратегӣ дорад. Аз ҷумла, он масъалаҳое, ки аз ҷониби конфронс ба он вогузор мешаванд, баррасӣ намуда, хулосаҳо омода мекунад ва фаъолияти СБМ-ро бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои тартиботӣ, ташкилиию идоракунӣ ва сохторӣ таҳти назорат қарор медиҳад.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои худ Кумита лоиҳаи қатънома бобати баргузории Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ дар соли 2025, тасдиқи ислоҳҳо ба Кодекси Конвенсияи меҳнати баҳрии соли 2006, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Мянмар бо СБМ ва лоиҳаи қатънома оид ба иштироки Фаластин дар чорабиниҳои созмонро баррасӣ хоҳад кард.

Интихоби намояндаи Ӯзбекистон ба чунин мансаби баланди масъулиятнок дар чаҳорчӯби яке аз кумитаҳои калидии СБМ аз болоравии нуфузи байналмилалии кишварамон ва эътирофи саҳми фаъоли он дар рушди муколамаи иҷтимоии ҷаҳонӣ ва дастовардҳояш дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ шаҳодат медиҳад.

Ин инчунин, ба Ӯзбекистон имконияти нодир фароҳам меояд, то дар ташаккули қарорҳои стратегӣ саҳм гузорад, симои худро дар низоми ҳуқуқи меҳнати байналмилалӣ таҳким бахшад ва садоқати худро ба принсипҳои идоракунии самаранок, ҳуқуқи инсон ва меҳнати шоиста нишон диҳад.

Ба ақидаи намояндагони СБМ ва шарикони сегонаи кишварҳои узв,  таъйини намояндаи Ӯзбекистон ба ҳайси раиси Кумита ҳамчун эътирофи ислоҳот дар соҳаи меҳнат, беҳтар намудани шароити шуғл, тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои кормандон, инчунин садоқат ба руҳи сеҷониба ва принсипҳои СБМ арзёбӣ мешавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки зери раёсати Ӯзбекистон Кумитаи масъалаҳои умумӣ фаъолияти худро бо сатҳи баланди масъулият, фарогирӣ ва шаффофият ба роҳ монда, баррасии самараноки масъалаҳои афзалиятноки рӯзнома ва таҳкими минбаъдаи иқтидори институтсионалии СБМ-ро таъмин хоҳад кард.