Ӯзбекистон ба Чин ба маблағи беш аз 500 миллион доллар газ содир кардааст

    Саноат 26 Dekabr 2023 1705

    Моҳи ноябри соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон ба Чин ба маблағи 54,59 миллион доллар газ содир шудааст. Дар ин бора аз маълумоти сарраёсати гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин маълум шуд.

    Аз аввали сол ҳаҷми умумии содироти газ 509,03 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ ду маротиба камтар аст.

    Агар ба ҳаҷми умумии содироти газ дар давоми тамоми сол назар андозем, мебинем, ки он нисбат ба соли қаблӣ беш аз ду баробар коҳиш ёфта, аз 1 миллиарду 300 миллион доллар ба 509,03 миллион доллар расидааст. Инро бо таваққуфи содироти газ аз моҳи январ то март ба далели бӯҳрони энержӣ дар Ӯзбекистон ва коҳиши тавлиди сӯзишворӣ дар дохили кишвар шарҳ медиҳанд.

    Тибқи омор, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии содироти газ аз Ӯзбекистон 509,4 миллион долларро ташкил дод ва дар моҳи ноябри соли равон ҳаҷми содироти газ ба 51,2 миллион доллар расидааст.

    Ҳаҷми истихроҷи газ дар Ӯзбекистон дар 11 моҳи соли 2023 42,75 миллиард метри мукаабро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6% коҳишро нишон медиҳад.

    Моҳи ноябри соли ҷорӣ низ расман ба маблағи 1 миллион доллар газ ворид карда шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates